Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Тоҷиккино» навору фиттаҳоро месузонад


Муассисаи давлатии «Тоҷиккино» ҳудуди 13 ҳазор филму наворҳои ваҳшоният, фаҳш, мусиқӣ ва мазҳабиро аз нуқтаҳои фурӯш мусодира карда, оташ зад.

Лутфуллои Давлат, раиси муасисаи Точиккино мегуяд, филмҳои сухташуда ахлоқи мардумро коста, ба амнияти кишвар халал ворид мекарданд. Ба қавли оқои Давлат, наворҳои сӯхташуда бидуни иҷозаи ягон ниҳоди давлатӣ тавлид ва ба бозор бароварда шудаанд. Вай мегуяд, ин иқдом ҳамчунин ба хотири тоза кардани бозори филми кишвар аз ҳар гуна филму наворҳои ғайриахлоқӣ ва пастсифат сурат гирифтааст.

Оқои Давлат меафзояд, манъи фурӯши чунин дискҳо аз ҷониби «Тоҷиккино» бар асоси дастури давлати Тоҷикистон сурат нагирифта, балки ин муассиса бар асоси оинномааш, ки ҳақи назорати бозори кинои Тоҷикистонро ба он медодааст, амалӣ шудааст.

Аммо коршиносон бар онанд, ки «Тоҷиккино» маҳз ба хотири аз худ кардани бозори кино чунин иқдом мекунад. Беҳзоди Исомуддин, коршиноси мустақил, мегӯяд, муасисаи «Тоҷиккино» агар мехоҳад дар бозори филму навори Тоҷикистон мавқеъ ёбад, бояд ибтидо филмҳои тоза таҳия карда, ба мардум ироа кунад ва аз рӯи рақобати солим дар бозор роҳ ёбад. Вай меафзояд, сӯхтани наворҳо аз ҷониби «Тоҷикино» дар ҳолест, ки ин муасиса худ қудрат надорад, як филми тозае ба мардум ироа бикунад.

Дар ҳамин ҳол, бархе рӯҳониён аз сӯхтани наворҳои динӣ дар қатори филмҳои фаҳшою сурудҳои каммазмун изҳори нигаронӣ карда, амали «Тоҷиккино»-ро муғойир ба қонунҳои Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Рӯҳониён мегӯянд, қонунгузории Тоҷикистон озодии динро кафолат медиҳад, вале масъулин бархилофи қонунҳо бо ҳар роҳ озодиҳои мардумро маҳдуд мекунанд.

Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруфи тоҷик, сӯхтани наворҳои диниро навъе аз маҳдудсозии озодиҳои динии мардум аз сӯи давлат шуморида, аз амалкарди масъулини «Тоҷиккино» интиқод кард. Ӯ афзуд, «ба ҷуз ахлоқи ҳасана ба ҷуз боздоштани ҷавонҳо аз сифоти разила - аз фаҳшову аз зинову аз дуруғгӯиву ғайбатгӯӣ дар он наворҳо чизи дигаре нест. Инсофан бигиранд, бубинанд. Масоили сиёсӣ дар онҳо наворҳо умуман зикр нашудааст, ки ранги сиёсӣ ба онҳо бидиҳанд. Ин наворҳо сирф ҷанбаи динӣ ва ахлоқӣ доранд».

Коршиносон, мегӯянд, оташсӯзии филмҳои гуногун дар ҳолест, ки Тоҷикистон худро давлати дунявию демократӣ эълом мекунад ва қонунгузории ин кишвар мардумро аз ҳақи интихоби тамошои филму наворҳои гуногун маҳрум накардааст.

XS
SM
MD
LG