Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хурсанд Ёров - Нютони ояндаи тоҷик?


Хурсанд Ёров илми нанотехнологияро мустақилона аз худ кардааст
Хурсанд Ёров илми нанотехнологияро мустақилона аз худ кардааст

Хурсанд Ёров, хонандаи синфи 12-и гимназия-интернати «Ҳотам П.В.» дар олимпиадаи байнулмилалии илмҳои нанотехнологӣ ғолиб шудааст.

Дар ин олимпиадаи байнулмилалӣ, ки ахиран тавассути шабакаи Интернет баргузор шуд, намояндагони беш аз 20 кишвар ширкат намуданд ва намояндаи Тоҷикистон Хурсанд Ёров ҷои аввалро соҳиб шудааст.

Хурсанд дар ҷое ба таври хос ин илми ҷадидро наомӯхтааст. Ӯ мегӯяд, чунин як илм ҳатто дар ягон барномаи таълимӣ ҳам ҷой надорад ва ҳам омӯзонида намешавад. Китобу дастурҳои ин илми муосир дар ҷаҳон камёфтанд. Вале Хурсанд, ки дониши хуби илми дақиқ доштааст, мустақилона тариқи интернет ба омӯзиши ин илми муосир пардохтааст.

Ба гуфти Хурсанд, фанновариҳои нанотехнологӣ ба илмҳои дақиқ то андозае наздикӣ дорад, вале на кимиё асту, на физика ва на риёзиёт, ин илм ҳама соҳотро дар худ фаро мегирад ва омӯзиши он нисбатан мушкил аст, вале ба таъкиди ҳамсуҳбати ҷавони мо як илми ҷолибу серталаб ва барои ҷаҳони имрӯз бисёр муҳим аст.

Хурсанд дар Кореяи Ҷанубӣ бо парчами Тоҷикистон дар китф пас аз пирӯзӣ дар озмуне

Ба гуфтаи ӯ, нанотехнология маънои тағйири хосияти ҷинсҳоро дорад ва хусусияти муҳимаш дар он аст, ки ҳар чиз ё маводро дар хурдтарин ҳаҷм, мавриди омӯзиш ва истифода қарор медиҳад. Вай мегуяд, «масалан, бо истифода аз зарраҳои нано мешавад обро аз тамоми вирусҳояш пок кард ва ё, масалан, телефони мобиле мешавад сохт, ки ҳаҷмаш то андозае хурд бошад, ки ҳатто ба чашм нанамояд. Ва ё мо метавонем аз нано трубка як банде созем, ки диаметраш ба диаметри муй баробар бошаду, вале кашишу қувваташ метавонад чанд тон вазнро бардорад. Боварии одам намеояд, вале ҳаст ҳамин чиз».

Ба ақидаи Хурсанд, бо омӯзиши ин илм метавон дар оянда дар ҳаёти инсоният тағироти зиёде ворид кард. Бино бар ин, ба пиндори ӯ, таҳсил дар макотиби миёнаи кишвар бояд 12-сола гашта, дар як соли ахири он бештар ин илм ба хонандагон таълим дода шавад. Ҳамчунин, ба фикри ӯ, дар барномаҳои омӯзишии макотиби олии кишвар низ таълими ин илм рӯйи даст гирифта шавад.

Дар ҳамин ҳол ба гуфти Абдуфаттоҳ Ҳотамов, раҳбари гимназия-интернати «Ҳотам П.В.», дар назар аст, ки дар донишгоҳи технологии кишвар як факултаи вижаи омӯзиши нанотехнологӣ ташкил ёбад. Оғои Ҳотамов афзуд, инкишофи нанотехнология ин асоси рушди иқтисод ва ҳама дигар соҳоти муҳими ҷомеа аст.

Абдуфаттоҳ Ҳотамов мегуяд, «мувофиқи пешгӯйиҳо, то соли 2015-ум бозори нанотехнология тақрибан аз 1 триллион доллар зиёд мешавад. Бозори технологияи информатсионӣ-коммуникатсионӣ аз 4 триллион зиёд мешавад, ки ин қариб 2 баробар бештар аз маҷмӯи дохилии ҳатто Хитой аст. Яъне, агар мо ба омӯзиши ин чизҳо аз ҳоло машғул нашавем, ин чунин маъно дорад, ки мо хеле ақиб мемонем ва ягон фойидае аз ин бозори бузург гирифта наметавонем».

Аммо Хурсанд Ёров, ҷавонтарин донишманди фанновариҳои нанотехнолгогии тоҷик, мегӯяд, ӯ ният дорад, ки зарраҳои нанотехнологиро дар тиб кашфу истифода намояд. Ба гуфти ӯ, бо ин усул метавон роҳҳои табобати амрози саратонро низ пайдо кард. Аммо худи Хурсанд то ҳол фанновариҳои нанотехнологияро дар амал наозумдааст. Чун мегӯяд, барои ин феълан дар Тоҷикистон ягон шароите нест.

Хурсанд Ёров феълан барои иштирок дар як сабқати дигаре дар робита бо ин илм, ки дар донишгоҳи ба номи Ломоносови Маскав баргузор мегардад, омодагӣ мегирад.

XS
SM
MD
LG