Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - ғолиби мусобиқаи каратэ


Нахустин мусобиқаи бози қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба кёкушинкай каратэ байни мардон, ки дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе рӯзи якшанбеи 13-уми апрел баргузор шуд, бо пирӯзии варзишгарони Тоҷикистон хотима ёфт.

Дар ин мусобиқа 35 варзишгар аз 8 кишвари қорраҳои Аврупо ва Осиё – Инглистон, Шотландия, Латвия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ширкат карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар ҳамаи вазнҳо аъзои дастаи мизбон – Тоҷикистон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Шӯҳратҷон Давлатов дар вазни то 60 кг, Валиҷон Мавлонов (то 65 кг), Икром Назаров (то 70 кг), Шавкатҷон Додобоев (то 75 кг) ва Зубайд Саъдуллоев (беш аз 75 кг) ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Раиси Созмони байналмилалии кёкушинкай каратэ Канчо Теюб Азизов зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз сатҳи баланди баргузории аввалин мусобиқаи бози қаҳрамонии Осиёи Марказӣ дар пойтахти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт: «Ин мусобиқа нишон дод, ки варзиши тоҷик дар ҳоли рушд аст. Бо боварии том метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик аз байни варзишгарони Тоҷикистон дар ин ришта қаҳрамонҳои ҷаҳон ба камол мерасанд ва ман бовар дорам, ки навъи варзиши кёкушинкай каратэ дар Тоҷикистон ҳамчун навъҳои миллӣ маъруфият пайдо хоҳад кард.»

Ҳикматулло Кароматов, раиси Федеросиюни каратэ кёкушинкайи Тоҷикистон, мегӯяд, феълан дар манотиқи мухталифи кишвар беш аз 1000 нафар наврасону ҷавонон ба ин навъи варзиш шуғл меварзанд.

XS
SM
MD
LG