Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абрҳои тираи осмони иқтисоди Тоҷикистон


ADB мегӯяд, Тоҷикистон соли гузашта шоҳиди рушди иқтисодии қавие шудааст, аммо чолишҳои сахте пеши рӯ дорад, ки бояд барои рафъи онҳо саъй кунад.

Бонки Рушди Осиё мегӯяд рушди тақрибан ҳаштдарсадии иқтисоди Тоҷикистон, ки назар ба солҳои 2000- 2004 кам будааст, суръати кунди ислоҳоти арсаи кишоварзӣ, шароити номусоиди соҳибкорӣ ва қиматҳои баланди энержиро нишон медиҳад. Ислоҳоти сохториро низ ҳукумат дар соли гузашта ба таври номукаммал анҷом додааст.

“Таваррум бо назардошти болорафтани қиматҳо ва афзоиши тақозо дар соли равон ба андозаи дурақамӣ хоҳад буд. Интизор меравад, ки тавварум асосан аз ҳисоби боло рафтани қимати маводи ғизоӣ ва энержӣ ба миён ояд“.

Ба тахмини ADB, ҳукумати Тоҷикистон имсол саъй хоҳад кард, то лаҷоми таваррумро бикашад, аммо мегӯяд, бонк бо назардошти абзорҳои андаки сиёсати иқтисод кашидани лаҷоми таваррум барои ҳукумат мушкил хоҳад буд. Бонки Миллии Тоҷикистон танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз беқурбшавии пул дахолат мекунад, аммо бар асоси арзёбии Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ, ба Тоҷикистон, ки вомҳои зиёд гирифтааст хатари баланди тангдастии қарзӣ таҳдид мекунад. Тангдастии қарзӣ метавонад, кишвари заъифро то ба муфсилшавӣ (банкрот) бирасонад.

Бонки Рушди Осиё мегӯяд, Тоҷикистон барои таъмини рушди иқтисодии муназзам бояд амнияти макроиқтисодиро ҳифз кунад ва аз пойбанди ба соҳаҳои маҳдуд ба мисли пахтапарвариву тавлиди алюминий раҳо шавад. Зафар Ҳотамов иқтисоддони Бонки Рушди Осиё мегӯяд:

“Иқтисоди Тоҷикистон ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар ба чанднавъӣ зарурат дорад, зеро саҳми сутунҳои аслии он, яъне алюминий ва пахта дар иқтисод дар дурнамои наздик камтар мешавад. Рушди қавии саросарии иқтисодӣ дар соли 2007 имконот барои бахши хусусиро фароҳам кард, ки дар соҳаҳои мухталиф кор кунанд. Аммо дар ин роҳ монеъаҳои фаровон боқӣ мондаанд, аз ҷумла чаҳорчӯбаҳои қонунии номуносиб, низоми додгоҳӣ, низоми идории заъиф ва зербунёдҳои нотавони хусусӣ ва ҷамъиятӣ".

Аммо танҳо ин мушкилот нестанд, ки монеъи рушди иқтисодӣ ва ҳамингуна фақир мондани мардуми Тоҷикистон мешаванд. Бонки Рушди Осиё мегӯяд, сармоягузории кам ва дастрасии маҳдуд ба бозорҳои содиротӣ намегузоранд, то бахши хусусӣ, яъне муҳаррики иқтисод рушд кунад. Зоҳиран ифшо шудани дурӯғгуиҳои Тоҷикистон ба Сандуқи Байналмилалии Пул ва ҳамингуна кам шудани эътимоди сармоягузорон ба ин кишвар мушкили дигаре хоҳад буд, ки мисли тормоз ҳаракати бахши хусусӣ ва дар мамҷӯъ иқтисод ба сӯи пешро суст хоҳад кард.

ADB мегӯяд, барои пешрафти бахши хусусӣ лозим аст, то арсаҳои нақлиёт ва энержӣ, низоми молӣ ва фанновариҳои иттилоъотӣ дар Тоҷикистон беҳбуд ёбанд. Ҳамоиши минтақавӣ, аз ҷумла тиҷорати марзӣ дар роҳи рушди тиҷорати хусусӣ кӯмак мекунад. Ва ҳукумати Тоҷикистон низ бояд ислоҳоти сохториро суръат бахшида ва дурнамо барои бахши хусусиро амалӣ кунад.

Зоҳиран иқтисоди Тоҷикистон меваи талхи ин кундиҳову номукаммалиҳои ислоҳоти иқтисодиро имсол хоҳад чашид. Бонки Рушди Осиё пешбинӣ мекунад, тавварум, ки барои мардум бисёр дарднок аст, имсол низ гиребони “сомонӣ»-ро раҳо нахоҳад кард.

Соли гузашта, афзоиши қимати маводи ғизоӣ, ки сарчашмаи аслии таваррум аст, пули миллӣ, яъне сомониро бечора ва тавони харидории мардумро заъиф кард. Аз ҷумла қиммати орд, ки ғизои аслии мардуми тоҷик соли гузашта 80 дарсад афзоиш ёфт. Зафар Ҳотамов – иқтисоддони намояндагии Бонки Рушди Осиё дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, зоҳиран сенарияи шабеҳе имсол низ Тоҷикистонро интизор аст.

XS
SM
MD
LG