Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин баёзи адибони муосири тоҷик


Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) дар арафаи нашри як баёзи бузургтарини осори аъзои худ дар 7 даҳсолаи ахир истодааст.

Бар тибқи иттилоъи раёсати ин созмон бояд беш аз 300 узви ИНТ, ки хамакнун дар камолияти эҷод қарор доранд, новобаста аз синну сол, пораи баргузидаи ашъори худро тавъам бо зиндагиномаашон ба раёсат пешниҳод кунанд.

Меҳмон Бахтӣ, раиси ИНТ, гуфт, аз ин миён баргузидаеро бо забони русӣ ва англисӣ тарҷума ва нашр мекунанд. Вай афзуд, барои нашри баёзи адибони муосир ду созмони хайрия - Бунёди глобалии адабиёт ва Хазинаи адабиёти Маскав маблағ ҷудо кардаанд. Меҳмон Бахтӣ иброз дошт, мо ҳозир 348 аъзо дорем, вале ҳамаи осори ишонро чоп кардан дар ин антология-баёз имкон надорад. Ва мо кумиссиюне тартиб додаем, ки аз осори пешниҳодшуда гулчинеро интихоб мекунад.

Адабиётшиносон мегӯянд, шояд ин бузургтарин баёз дар таърихи адабиёти моусири тоҷик буда бошад. Зеро то ҳанӯз ашъори комили адибони тоҷик, новобаста аз сатҳ нашр нашудааст. Ато Мирхоҷа, раиси бахши назми ИНТ, гуфт, баёзи мазбур дар пасманзари нашри баёзи удабои рус, ки ҳамакнун омодаи чоп аст, нашр мешавад. Вай афзуд, баёзи назми шуарои саршиноси русия мураттаб аз 42 нафар, бо шумули Роберт Рождентсвенский, Мустай Карим, Қайсин Қулиев, Рима Казакова, Расул Ҳамзатов, дар дасти тарҷумонҳо ҳаст ва то шурӯъи рӯзҳои фарҳанги Русия дар Душанбе нашр хоҳад шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилоъи адабиётшиносон, тасмими ахири ИНТ дар пасманзари нашри баёзҳои шуарои сад соли ахири Афғонистон зери таснифи Ҳорун Роъун ва Баёзи шеъри форсии асри 20 таснифи Низом Қосим гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG