Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомади тасмими Остона барои Тоҷикистон


Вазорати иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, манъи содироти гандум дар Қазоқистон вазъи иқтисоду иҷтимои Тоҷикистонро буҳронитар хоҳад кард.

Тибқи иттилоъи ин вазорат, 98 дарсади воридоти гандум ба Тоҷикистон аз Қазоқистон сурат мегирад ва танҳо ҳудуди 2 дарсади он аз Русия ва кишварҳои дигар ворид мешавад. Ин дар ҳолест, ки талаботи Тоҷикистон соле беш аз 1,5 миллион тонна орд буда, ин кишвар ҳудуди 800 ҳазор тонна гандум тавлид мекардааст.

Гафурчон Расулӣ, сухангӯи вазорати иқтисоди Тоҷикистон, мегӯяд, аз сабаби он ки тавлидоти дохилии гандум эҳтиёҷоти аҳолиро бароварда намекунад, манъи содироти гандуми Қазоқистон ба вазъи иктисоди кишвар таъсиргузор хоҳад буд. Оқои Расулӣ мегуяд, феълан вазорати иктисод ҷиҳати аз буҳрони гизо солим баровардани кишвар як барномаи тозае таҳия карда ба ҳукумати кишвар ироа кардааст.

Одил Олимшоев, коршиноси мустақил, мегӯяд, чунин тасмими Қазоқистон боис ба боло рафтани қимати орд дар бозори Тоҷикистон шуда, мардум имкони хариди ордро гум хоҳанд кард. Оқои Олимшоев мегуяд, эҳтимол қимати як халта орд дар тобистони имсол аз 120 сомонӣ то 200 сомонӣ боло биравад ва ин ҳолат буҳрони шадидеро дар ин кишвар фароҳам хоҳад сохт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба эътиқоди коршиносон, Тоҷикистон хеле кам галла истеҳсол мекунад ва давлати ин кишвар барои аз буҳрони гизо баровардани кишвар захираи кофӣ надоштааст ва ҷиҳати таъмини амнияти гизоии кишвар дар давраи бухрони ояндаи ғизо чораи муассире наандешидааст.

Ваҳоб Воҳидов, коршиноси мустақил мегӯяд, давлати Тоҷикистон бояд ҷиҳати таъмини амнияти ғизоии кишвар тадбирҳои мушахас андешад, вагарна ҳоли мардум табоҳ хоҳад шуд.

Манъи содироти гандум аз сӯи Қазоқистон дар ҳолест, ки Созмони Миллали Муттаҳид гуфтааст, имсол бӯҳрони ғизо ба кишварҳои камбизоти ҷаҳон таҳдид мекунад. Тибқи иттилои Созмони Миллали Муттаҳид, Тоҷикистон аз кишварҳои фақирест, ки амнияти ғизоияшон таъмин нест ва ин ҳолат вазъи мардуми ин кишварро сангинтар аз кунунӣ мекардааст.

XS
SM
MD
LG