Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нону қандчой - ғизои асосии ним миллион тоҷик


Ба гуфтаи Созмони Милал, афзоиши нархи ғизо ба аҳолии беш аз 30 кишвар таъсири ниҳоят бад мерасонад, ки дар ин миёни онҳо Тоҷикистон ҳам ҳаст.

Муассисаи озуқа ва кишоварзии Созмони Милал ҳамин моҳ дар Тоҷикистон барои арзёбии вазъи амнияти ғизоӣ як таҳқиқоте анҷом дод, ки натиҷаҳои ниҳоии он то ду се ҳафтаи дигар нашр хоҳад шуд.

Аммо дар сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ Анна Вандерберг аз дафтари Созмони Ҷаҳонии Озуқа дар Душанбе баъзе аз натиҷаҳои муқаддамотии онро ба мо ошкор кард ва аз ҷумла доир ба таъсири болоравии қиматҳо ба вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон гуфт:

«Шумо медонед, ки қимати баъзе аз маводи ғизоӣ аз моҳи июни соли гузашта то кунун беш аз ду маротиба афзудааст, ки ин зиндагиро барои теъдоди зиёди одамон вазнин мекунад. Ва ин дар воқеъ як омили коҳиши амнияти ғизоии як қисми бузурги аҳолӣ мебошад. Аммо дар қазияи Тоҷикистон на танҳо ин омил балки омилҳои дигар низ нақш доранд, аз ҷумла зимистони сард, ки дар он вақт мардум пули бисёреро барои сӯзишворӣ ва газ харҷ карданд ва барои сиҳатиашон низ. Дигар ин ки дар зимистон зироатҳоро сармо зад ва аз ин рӯ ҳосил имсол камтар мешавад. Яъне мардум маҷбур мешаванд, аз бозор маводии ғизоии бештар бихаранд, ки ин маводи ғизоӣ аз гузашта дида гаронтар аст».

Суол: Дуруст аст, ки дар ин ҳолат зиндагии мардуми фақир сахттар мешавад, зеро пули кофӣ барои харидани маводи ғизоӣ надоранд, оё дар ин авохир мардум истеъмоли ғизоро камтар кардааст ё режими хӯрокхӯрии мардум дар Тоҷикистон тағйир ёфтааст? Арзёбии шумо чиро нишон дод?

Анна Вандерберг: «Ончӣ ки ҳангоми баррасии натиҷаҳои муқаддамотии арзёбӣ мушоҳида кардем, ин аст, ки ҳудуди 11 дарсади аҳолӣ дар кишвар ғизои бисёр фақирона мехӯранд, онҳо шояд нону қандчой ва ҳафтае се маротиба сабзиҷот истеъмол мекунанд, ки ин ғизои солиму кофӣ барои сиҳатии инсон буда наметавонад. Ҳамчунин 23 дарсади аҳолии кишвар аст, ки эҳтимолан сабзиҷоти бештар барои хӯрдан доранд. Эҳтимолан онҳо ҳафтае як бор маҳсулоти ширӣ мехӯранд ва шояд каме гӯшт. Вале ин ҳам кофӣ нест ва калорияи ин ғизоҳо низ басанда намебошад».

Суол: Агар бо забони рақамҳо сӯҳбат кунем, чанд нафар аз мардуми Тоҷикистон хӯрокӣ кофӣ барои хӯрдан надоранд?

Анна Вандерберг: «Онгуна ки ман гуфтам, вазъи амнияти ғизоии ҳудуди 11 дарсади аҳолии Тоҷикистон тоқатфарсо аст ва ин 11 дарсад таври маълум ним миллион нафарро ташкил медиҳад. Вале дар баъзе аз минтақаҳо, вазъи амнияти ғизоии аҳолӣ дар муқоиса ба вазъи минтақаҳои дигар бадтар аст ва дар баъзе аз маҳалҳо то ба 22 дарсад мерасад ва аксари ин маҳалҳо дар вилояти Хатлон мебошанд».

Хонум Анна Вандерберг аз Созмони Ҷаҳонии Озуқа ҳамчунин гуфт, баъди таҳлили омори арзёбиҳо шояд рақамҳо доир ба вазъи амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон тағйир ёбад. Муассисаи озуқаи Созмони Милал аз ҷомеаи байнулмилал хостааст, барои иҷрои барномаҳои кӯмакӣ ба мардуми мӯҳтоҷи Тоҷикистон ҳудуди 9 миллион доллар кӯмак кунад.

XS
SM
MD
LG