Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чор шаҳрванди Узбакистон


Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ахиран се шаҳрванди гурезаи Узбакистонро бо дархости давлати ин кишвар аз тариқи гузаргоҳи марзии ноҳияи Турсунзода дар ихтиёри мақомоти узбак гузошт, чаҳор шаҳрванди дигари Узбакистон дар вилояти Суғд мавриди боздошт қарор гирифтанд.

Дар мавриди аввал мақомоти Тоҷикистон таслими он се шаҳрванди гурезаи Узбакистонро, ки дар ватани худ барои содири ҷиноёт муттаҳам шудаанд, як амали ҳусни ҳамҷаворӣ унвон кард, аммо дар мавриди дуюм мақомоти идораи корҳои дохилии Суғд гуфтанд, ки ахиран чаҳор шаҳрванди Узбакистон ҳангоми марзшиканӣ мавриди боздошт қарор гирифтаанд .

Идораи корҳои дохилии Суғд мегӯяд, ки боздошти чаҳор шаҳрванди Узбакистон аз ҷониби милисаи тоҷик ахиран ҳангоми убури ғайриқонунии марз дар гузаргоҳи сарҳадии Истаравшан сурат гирифтааст. Фирӯз Боқӣ, сухангӯи идораи умури дохилаи вилояти Суғд, афзуд, ки ҳангоми кофтуков аз сумкаи ин нафарон миқдоре аз маводи мухаддир дарёфт шуда, ҳоло тафтишоти пешакии ин қазия идома дорад.

Ба гуфтаи сухангӯи идораи умури дохилаи Суғд, дар ҳоли кунунӣ нисбати ин чаҳор шаҳрванди Узбакистон, сокинони вилояти Қашқадарёи ин кишвар - Муродалӣ Мирзоев, Отабек Равшанов, Мирзокомил Ҷумъаев ва Азамат Умарбоев - аз ҷониби мақомоти интизомии Суғд барои марзшиканӣ мутобиқи банди 335-и асноди ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Боздоштҳои зиёди шаҳрвандони якдигар дар пайи убури ғайриқонунии марз дар кишварҳои Тоҷикистону Узбакистон дар тайи солҳои ахир дар доираи як кори маъмулӣ даромадааст. Дар моҳи майи соли равон 31 нафар навҷавонони сокини шаҳраки Адрасмони вилояти Суғдро ҳангоми сайругашт дар мавзеъи наздик ба маҳали зисташон бо иттиҳоми сарҳадшиканӣ пулиси Узбакистон боздошт ва 6 тани онҳоро дар Тошканд то як моҳ дар шароити сахт дар боздошт нигаҳ дошт.

Коршинос Абдурасул Мамадалиев мегӯяд, ин гуна муносибати бераҳмона ба шаҳрвандони якдигар аз муносибати сарди Тошканду Душанбе бармеояд. Ба гуфтаи вай, ин навъ бархӯрд барои аҳолии тоҷику узбаки ду тарафи марз, ки аз солҳо пеш бо ҳам наздикиву ҳамкорӣ ва омадурафт доштанд, мушкил ва дарди сари бисёр эҷод кардааст: «ҳазорон нафароне, ки ба хотири дарёфти рӯзӣ ба Тоҷикистон меоянд ва ё баракс аз Тоҷикистон ба Узбакистон мераванд ва ё ба хотири дидори наздикон ва ё тиҷорат , аз ҷониби пулисҳои ҳар ду кишвар ронда мешаванд. Ҳатто ҳодисаҳои ҳабси шаҳрвандони мулкии ин ду кишвар ҳам, бо гуноҳи сарҳадшиканӣ бисёр воқеъ мешавад».

Дар ин иртибот коршиноси дигар - Абдувосит Салимзода мушкили дарёфти визаро як сабаби умдае меҳисобад, ки шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистонро ба сарҳадшиканӣ водор мекунад. Вай мегӯяд, инчунин дар рузхои иду чашворахо ва маросимхои расмии дигар макомоти ҳар ду кишвар марзҳои худро бар рӯи шаҳрвандон мебанданд ва имкон намедиҳанд ҳатто мотамзадагон ба назди пайвандони худ раҳ ёбанд.

Ба назари ӯ, бо роҳи ҷорӣ кардани рафтуомади бидуни виза ва содда кардани тартиб ва қоидаҳои равуо мешавад аз сарҳадшиканиҳои беохири шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ҷилавгирӣ кард. Коре, ки ба анҷоми он мақомоти ҳар ду кишвар камтар майл нишон медиҳанд.

XS
SM
MD
LG