Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкориҳои Тоҷикистону САҲА ва мавқеъи Маскав


Бархе аз коршиносони мустақили Русия мегуянд, Тоҷикистон бе ҳамоҳангӣ бо Маскав наметавонад бо САҲА дар масоили марзӣ тасмиме бигирад.

Донишманди масоили сиёсӣ ва иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар Русия, профессори улуми таърих Артём Улунян дар робита ба дурнамои тавсеъаи ҳамкориҳои марзӣ байни Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бо Тоҷикистон ва нигоҳи Маскав ба ин равобит гуфт, ин масъала паҳлӯҳои гуногун дорад ва ҳар ҷонибе барои расидан ба ҳадафҳои худ талош мекунад.

Донишманд афзуд, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо пеш аз ҳама хостори ҷилавгирӣ аз таҳвили бесуботӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва дар маҷмуъ ба Осиёи Марказӣ аст. Гузашта аз ин, қочоқи афзояндаи маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон яке аз дигар мушкилоти рӯз барои кишварҳои Аврупост. Вале ҳамзамон лозим ба таъкид дорад, ки Аврупо орзуманди таҳкими сиёсӣ ва иқтисодии худ дар Осиёи Марказӣ, ба вижа дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳаст, зеро ин ду кишвар манобеъи саршори энержии обӣ доранд.

Аммо коршинос ба суоле, ки Русия ба тавсеъаи ҳамкориҳои марзии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо чӣ гуна бархурд хоҳад кард, гуфт, феълан ҳеҷ ниҳод ва ё кишвари аврупоӣ ҷойи Русия дар Осиёи Марказӣро наметавонад танг созад, вале Аврупо метавонад бо фаъолсозии равобити худ бо кишварҳои минтақа дар оянда мақоми аввалро касб намояд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистон ахиран ҳарчи бештар майли ҳамкорӣ бо Аврупо кардааст.

Дар ҳамин ҳол коршиноси мустақили низомии Русия Александр Голс мегуяд, мақомоти Тоҷикистон бидуни ҳамоҳангӣ бо мақомоти Русия наметавонанд бо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар масъалаи марзӣ кадом тасмиме бигирад. Вай ҳамзамон таъйид кард, ки Русия медонад, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо феълан таъсири зиёде дар сиёсати байнулмиллалӣ надорад, вале агар ин ниҳод дар таъмини амниятӣ марзӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ барномае анҷом дода битавонад, ба суди сиёсати геополитикии Русия дар минтақа хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG