Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти масъулини ФФТ бо раиси AFC


Муҳаммад Бин Ҳаммом, раиси Конфедеросиюни футболи Осиё ва Валерий Турсунов, ноиби раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон
Муҳаммад Бин Ҳаммом, раиси Конфедеросиюни футболи Осиё ва Валерий Турсунов, ноиби раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон

Муҳаммад Бин Ҳаммом, раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар қароргоҳи AFC, дар пойтахти Малайзиё – шаҳри Куала-Лумпур, бо аъзои ҳайати вакилони Федеросиюни футболи Тоҷикистон мулоқот кард.

Яке аз масоили аслӣ, ки дар ин мулоқот баррасӣ шуд, ин хоҳиши Тоҷикистон барои ширкат дар лоиҳаи рушди «Диди Осиё» буд.

Раҳбари футболи Осиё таъкид сохт, Федеросиюни футболи Тоҷикистон бояд кӯшиши зиёд ба харҷ бидиҳад, ки ба меъёрҳои муқарраршуда ҷавобгӯ бошад.

Зеро ин лоиҳа дар сохтори созмони миллӣ, бошгоҳҳо, футболи кӯдакону наврасон ва тарзи гузаронидани мусобиқот тағйироти зиёд ворид хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG