Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон Моҳ беш аз ду соат тира монд. ВИДЕО


Тирашавӣ ва ё гирифтани моҳ дар қаламрави Тоҷикистон соати 22-ву 20 дақиқаи шаби 7-уми август оғоз шуд ва тақрибан 2 соат идома кард. Мушоҳидаи Моҳ дар ин шаб дар ҳавои софи Душанбе осон буд. Дар тӯли ин ду соат тақрибан 20 дарсади Моҳ зери сояи Замин монд ва тира шуд.

Сокинони Душанбе, ки дар ин соатҳо дар кӯчаву хиёбонҳо буданд, ба ин ҳодисаи табиӣ чандон таваҷҷӯҳи зиёд надоштанд. Ҷамшед Далеров, як сокини Душанбе, ки дар лаҳзаҳои тирашавии Моҳ бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, "рости гап, агар шумо моро намегуфтед, мо ҳис намекардем, ки Моҳтоб гирифта шуд. Якчанд бор дар деҳа мушоҳида карда будам, бори дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе шоҳиди гирифтани Моҳ мешавам."

Гирифтани моҳ дар як сол то 7 маротиб ба вуқӯъ меояд ва аз қабл ҳисобшуда аст. Соли ҷорӣ ин бори дуввум аст, ки ҳодисаи тирашавии моҳ иттифоқ меафтад.

Вале барои афроде, ки бори нахуст ба ин ҳодисаи табиӣ рӯ ба рӯ мешуданд, ҳодисаи гирифтани Моҳ хеле ҷолиб ба назар мерасид. Фозил Абдуллоев, як донишҷӯ гуфт, ки бори аввал гирифтани Моҳтобро мебинад, ҳарчанд дар китоби астрономия хонда буд, ки дар натиҷаи дар як хати рост қарор гирифтани Офтоб, Моҳ ва Замин, чунин ҳодиса рух медиҳад ва дар натиҷа дар сояи Замин мондан, рӯи Моҳтоб тира мешавад.

Сокиноне, ки дар гузашта шоҳиди ҳодисаи тирашавии Моҳ ё Офтоб будаанд, аз маросим ва одатҳое сӯҳбат мекунанд, ки ба онҳо аз бузургсолон мерос мондааст. Аммо ин бор касе аз шоҳидони ҳодисаи табии тирашавии Моҳ ҳеҷ маросим ва ё амалеро анҷом додан намехост. Ба гуфтаи Саидшоҳ Давлатов, сокини ноҳияи Данғара, дар деҳаи онҳо вақте Моҳро мегирифтанд, бузургсолон мегуфтанд, ки наъли аспро бояд ба замин зад ва намоз хонд, то Моҳро сар диҳанд.

Гирифтани Моҳ дар як шаби софи Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Афроде, ки гирифтани моҳро тамошо мекарданд, чизи хосеро дар ин лаҳзаҳо эҳсос намекарданд ва барояшон як чизи муқаррарӣ буд. Фирдавс Сафаров, сокини Душанбе мегӯяд, "ростӣ, ман ягон дигаргунӣ эҳсос намекунам, зеро тавре ба мо калонҳоямон тарбия доданд, сайёраи дигар аст, ки пеши Моҳро мегирад. Ҳамин хел фикр мекунам, ягон фикри дигар надорам."

Дар фарҳанги исломӣ ба ҳодисаи гирифтани Моҳ "хасуф" гуфта мешавад. Қабл аз зуҳури ислом мардуми нимҷазираи араб гумон мекарданд, ки ба сабаби мурдани касе, моҳ гирифта мешавад. Аммо ислом ин пиндори ғалатро радд кард ва баён намуд, ки гирифтани Моҳ аз нишонаҳои қудрати Худо аст ва ба мурдани касе иртибот надорад.

Гирифтани моҳ дар як сол то 7 маротиб ба вуқӯъ меояд ва аз қабл ҳисобшуда аст. Соли ҷорӣ ин бори дуввум аст, ки ҳодисаи тирашавии моҳ иттифоқ меафтад. Чунин ҳодисаро сокинони Тоҷикистон имсол моҳи феврал низ мушоҳида карданд.

XS
SM
MD
LG