Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаким Фузайлов: “Дар пайи касби натиҷаи мусбатем”


Ҳаким Фузайлов, сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон.
Ҳаким Фузайлов, сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон имрӯз, 10-уми октябр, бозии даври чаҳоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро муқобили тими миллии Непал анҷом медиҳад. Ин бозии гурӯҳи “F” дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бегоҳи сешанбе соати 18:00 шуруъ мешавад.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Непалро ҳакамон аз Эрон доварӣ мекунанд. Довари ФИФА Моуд Бунёдифард сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Абулфазли Муҳаммадризо ва Саид Алинажодиён ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Вазифаи довари эҳтиётиро Паём Ҳайдарӣ бар дӯш дорад. Солеҳ Муҳаммад Абдулло Ҳасан аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон ва Чан Лок Вун аз Ҳонконг комиссари ин бозӣ ҳастанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ тими миллии Непалро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд.

Дар як нишасти хабарӣ, ки 9-уми октябр дар Душанбе пеш аз бозии дастаҳои Тоҷикистону Непал баргузор шуд, Ҳаким Фузайлов, самураббии мунтахаби Тоҷикистон гуфт, “вазифаи мо намоиш додани бозии хуб ва ба даст овардани натиҷаи мусбат аст. Имрӯз мо ҳақ надорем, ки иштибоҳ кунем, инро бачаҳо хуб мефаҳманд. Барои он ки хато накунем, бояд бо руҳияи баланд ба майдон биёем, он гоҳ натиҷаи мусбат ба даст меояд. Ҳар як мураббӣ дастаашро барои пирӯзӣ сафарбар мекунад. Мунтахаби Непал ҳам муқобили мо бо хоҳиши зиёд бозӣ мекунад ва сахт рақобат хоҳад кард.”

Мутахассиси ҷопонӣ Кодзи Гёдоку, сармураббии мунтахаби Непал, иброз дошт, ки бозӣ муқобили мунтахаби Тоҷикистон барои мо хеле мушкил мешавад, вале мо ба инҷо баҳри пирӯзӣ омадаем. Вай афзуд, “бисёр умедворам, ки мо ба Катманду бо се имтиёз бармегардем. Дар даври гузашта мо дар майдони худ аз тими Тоҷикистон шикаст хӯрдем. Мехоҳем қусури ин бохтро барорем. Мо мефаҳмем, ки дараҷаи мунтахаби Тоҷикистон аз нисбат ба мо баланд аст, вале ҳар як даста ҷойҳои сусти худро дорад, ки мо дар бозии навбатӣ мекӯшем аз ин истифода кунем.”

Кодзи Гёдоку, сармураббии мунтахаби Непал.
Кодзи Гёдоку, сармураббии мунтахаби Непал.

Рӯзи 10-уми октябр дар Тоҷикистон боз як бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 баргузор мешавад. Қабл аз бозии Тоҷикистону Непал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тими миллии Афғонистон чаҳорумин дидорашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё дар муқобили мунтахаби Урдун баргузор мекунад. Ин бозии гурӯҳи «С», ки мизбонии онро Афғонистон бар ӯҳда дорад, имрӯз соати 15:00 оғоз меёбад.

Бояд гуфт, ки тими миллии Афғонистон ба далели мушкилоти амниятӣ дар Кобул бозиҳои хонагиашро дар хоки Тоҷикистон баргузор мекунад. Зимнан, мунтахаби Афғонистон нахустин дидорашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё дар муқобили Ветнам 28-уми марти соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом дода буд.

Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 ба мунтахаби Яман дар сафар бо ҳисоби 1:2 бохта буд. Футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон дар майдони худ аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум дар меҳмонӣ бар тими миллии Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омадааст.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “F” мунтахаби Филиппин бо 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 10-6) мақоми аввалро касб кардааст. Дастаи Яман бо 5 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 4-3) дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 6-7) дар ҷойи севум мебошад. Дастаи Непал бо як имтиёз (таносуби тӯбҳо – 2-6) дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.

Бозиҳои боқимондаи гурӯҳи “F”:

Даври 4-ум

10 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Непал

Яман – Филиппин

Даври 5-ум

14 ноябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Яман

Непал – Филиппин

Даври 6-ум

27 марти соли 2018 (сешанбе)

Филиппин – Тоҷикистон

Яман – Непал

XS
SM
MD
LG