Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар раддабандии FIFA 4 зина поин шуд


Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол), ки 23-юми ноябр нашр шудааст, чаҳор зина поин рафт ва дар байни 211 кишвар бо 255 имтиёз дар ҷойгоҳи 127-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) шомиланд, ду зина поин шуд ва мақоми 24-умро касб кардааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал, дар ҷаҳон бо 798 имтиёз дар зинаи 32-юм қарор дорад. Австралия дувум (дар ҷаҳон 39-ум, 747 имтиёз) ва Ҷопон севум (дар ҷаҳон 55-ум, 623 имтиёз) мебошанд.

Олмон дар феҳрасти нави FIFA бо 1602 имтиёз ҷойи аввал, Бразилия бо 1483 имтиёз ҷойи дувум ва Португалия бо 1358 имтиёз ҷойи севумро касб кардаанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (35-ум), Русия (65-ум) ва Узбакистон (80-ум) ба даст овардаанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Латвия (131-ум), Қазоқистон (136-ум), Литва (148-ум) ва Молдова (166-ум) пеш аст. Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (80-ум), Туркманистон (112-ум) ва Қирғизистон (115-ум) ҷойгир шудааст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии охиринашро дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» 27-уми марти соли 2018 дар меҳмонӣ муқобили мунтахаби Филиппин, ки дар феҳрасти FIFA бо 280 имтиёз дар мақоми 118-ум қарор дорад, анҷом медиҳад.

Феҳрасти FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

XS
SM
MD
LG