Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон – мизбони даври аввали мусобиқаи интихобии Олимпиадаи соли 2020


Тоҷикистон макони баргузории боз як мусобиқаи байналмилалӣ миёни дастаҳои мунтахаби занона оид ба футбол тасдиқ шудааст.

Пас аз марҳилаи интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 миёни дастаҳои духтарони зери 16-сола ва зери 19-сола, дар Тоҷикистон даври аввали мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои мунтахаби футболи занона барпо мегардад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври аввали мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио дар гурӯҳи «А», ки аз 4-ум то 13-уми ноябр шаҳри Душанбе барпо мегардад, ба ғайр аз дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон тимҳои Тайбэйи Чин, Филиппин, Сингапур ва Муғулистон ширкат меварзанд.

Аз рӯи натиҷагирии даври аввали мусобиқаи интихобӣ ғолибон ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро мегиранд, инчунин ду дастаи беҳтарини ҷойҳои севум ба даври дувум роҳ меёбанд. Зимнан, дастаҳои мунтахаби занонаи Ветнам ва Узбекистон мутақиман ба даври дувум роҳхат гирифтаанд.

Аз 15-ум то 23-юми сентябр дар Душанбе мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 миёни дастаҳои духтарони зери 16-сола дар гурӯҳи «С» доир мешавад,ки дар он тимҳои Тайланд, Эрон, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ, Сингапур ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Аз 24-ум то 28-уми октябр дар Тоҷикистон мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 миёни дастаҳои духтарони зери 19-сола бо иштироки тимҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, Тайбэйи Чин, Бангладеш ва Тоҷикистон доир мегардад.

Даври аввали мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио дар гурӯҳи «А»

Ширкаткунандагон: Тайбэйи Чин, Филиппин, Сингапур, Тоҷикистон, Муғулистон.

Макони баргузорӣ – Тоҷикистон.

Даври 1-ум

4 ноябр (якшанбе)

Сингапур – Филиппин

Муғулистон – Тоҷикистон

Даври 2-юм

6 ноябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Тайбэйи Чин

Муғулистон – Сингапур

Даври 3-юм

8 ноябр (панҷшанбе)

Тайбэйи Чин – Муғулистон

Филиппин – Тоҷикистон

Даври 4-ум

11 ноябр (якшанбе)

Филиппин – Муғулистон

Сингапур – Тайбэйи Чин

Даври 5-ум

13 ноябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Сингапур

Тайбэйи Чин – Филиппин

XS
SM
MD
LG