Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё-2018 роҳ ёфт


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев бо шикаст додани тими миллии Афғонистон дар мусобиқаи интихобӣ дар шаҳри Табризи Эрон ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 роҳ ёфт.

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 дар минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ бо ширкати ҳафт даста дар ду гурӯҳ ҷараён дорад. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” рӯзи 16-уми октябр тими Афғонистонро бо ҳисоби 4:3 шикаст дод.

Ин пирӯзӣ ба мунтахаби Тоҷикистон имкон дод, ки пешакӣ ва сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш муқобили тими Эрон ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018, ки соли оянда дар Тайван баргузор мешавад, роҳхат бигирад.

Бозии охирини гурӯҳи “В” миёни дастаҳои мунтахаби Эрон ва Тоҷикистон, ки имрӯз, 17-уми октябр, барпо мегардад, ғолиби гурӯҳро муайян мекунад. Тими Эрон, қаҳрамони феълии Осиё, ҳам пешакӣ ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 мушарраф шудааст.

Аз рӯи натиҷагирии ду даври мусобиқа дар гурӯҳи «А» мунтахаби Узбакистон, ноиби қаҳрамони Осиё ва дастаи Қирғизистон, ки шашимтиёзӣ доранд, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Рӯзи сешанбе дар бозӣ миёни ин ду даста ғолиби гурӯҳи “А” маълум мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 оид ба футзал. Сабқати интихобӣ

Минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ. Гурӯҳи «В».

Даври 1-ум

Афғонистон – Эрон – 2:8

Даври 2-юм

ТОҶИКИСТОН – АФҒОНИСТОН – 4:3

Голҳо: Акбар Козимӣ, 3 – ба дарвозаи худ (1:0). Ҷавод Ҳайдарӣ, 9 (1:1). Шавкат Ҳалимов, 9 (2:1). Мӯҳсин Ризоӣ, 14 (2:2). Дилшод Саломов, 39 (3:2). Некрӯз Алимаҳмадов, 40 (4:2). Алӣ Ҷаъфарӣ, 40 (4:3).

Тоҷикистон (панҷгонаи ибтидоӣ): Фирӯз Бекмуродов – Раҳмоналӣ Шарифов, Файзалӣ Сардоров, Мансур Эргашев (капитан), Дилшод Саломов.

Афғонистон (панҷгонаи ибтидоӣ): Алӣ Ризо Қурбонӣ – Ризо Каримӣ, Меҳдӣ Ҳошимӣ (капитан), Акбар Козимӣ, Ҷавод Ҳайдарӣ.

Огоҳонида шуданд: Муродулло Алиқулов (Тоҷикистон), Алӣ Фаёз (Афғонистон).

Аз майдон хориҷ шуд: Меҳдӣ Ҳошимӣ (Афғонистон), 22 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Лиу Тзянкиао (Чин).

Нозири доварон: Анди Вонг (Ҳонконг).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ал-Масрӣ (Сурия).

16 октябр. Табриз. Маҷмааи варзишии Пур Шарифӣ. 300 тамошогар.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

1

1

0

0

8-2

3

2

Тоҷикистон

1

1

0

0

4-3

3

3

Афғонистон

2

0

0

2

5-12

0

Даври 3-юм

17 октября (сешанбе)

20:30 – Эрон Тоҷикистон

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

Узбакистон – Непал – 14:1

Қирғизистон – Туркманистон – 5:3

Даври 2-юм

Непал – Қирғизистон – 0:5

Туркманистон – Узбакистон – 2:4

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбакистон

2

2

0

0

18-3

6

2

Қирғизистон

2

2

0

0

10-3

6

3

Туркманистон

2

0

0

2

5-9

0

4

Непал

2

0

0

2

1-19

0

Даври 3-юм

17 октябр (сешанбе)

15:30 – Узбакистон – Қирғизистон

18:00 – Туркманистон – Непал

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG