Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) таҳти раҳбарии мутахассиси 53-солаи узбекистонӣ Усмон Тошев дар мусобиқаи «Чор миллат», ки аз 15-ум то 23-юми январ дар Доҳаи Қатар баргузор мешавад, ширкат меварзад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи «Чор миллат» дар Доҳа дастаҳои мунтахаби олимпии Кувайт, Қатар, Тоҷикистон ва Эрон иштирок менамоянд.
Футболбозони тоҷик дар даври аввал 15-уми январ муқобили тими Эрон бозӣ мекунанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувум 18-уми январ бо тими Қатар рӯбарӯ мешавад. Бозии севуми мунтахаби Тоҷикистон 21-уми январ бо тими Кувайт доир мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар майдонҳои Академияи «Aspire» баргузор мешаванд.
Мусобиқаи байналмилалӣ «Чор миллат» дар Доҳа миёни дастаҳои мунтахаби олимпии зери 23-сола
Даври 1-ум
15-уми январ (сешанбе)
19:30 – Эрон – Тоҷикистон
21:30 – Қатар – Кувайт
Даври 2-юм
18-уми январ (ҷумъа)
19:30 – Эрон – Кувайт
21:30 – Қатар – Тоҷикистон
Даври 3-юм
21-уми январ (душанбе)
19:30 – Тоҷикистон – Кувайт
21:30 – Қатар – Эрон
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.
Ширкат дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар Қатар барои мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) яке аз давраҳои омодагии даста ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 22 –юм то 26-уми март дар Тошканд барпо мегардад. Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22-юми март), Покистон (24-уми март) ва Узбекистон (26-уми март) рақобат мекунанд.
Дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2020 ҳамагӣ 44 дастаи мунтахаби ҷавонони зери 23-сола, ки бар асоси қуръакашӣ ба 11 гурӯҳ тақсим шудааст, иштирок мекунад. Дар минтақаи Ғарб шаш гурӯҳ ва дар минтақаи Шарқ панҷ гурӯҳ ташкил шудааст.
Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаҳои хубтар ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 8-ум то 26-уми январи соли 2020 дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Агар мизбони мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020 - мунтахаби Тайланд – дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд (ё дар байни чор дастаи дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дуюмро ишғолнамуда аз рӯи натиҷаҳои хубтар ҷойгир шавад), онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат мегирад.
Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 23-сола соҳибони роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мешаванд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-23)
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: Қатар (мизбон), Умон, Непал, Афғонистон.
Гурӯҳи «В»: Фаластин, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «С»: Ироқ, Эрон (мизбон), Туркманистон, Яман.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Имороти Муттаҳидаи Араб, Лубнон, Молдив.
Гурӯҳи «Е»: Урдун, Сурия, Қирғизистон, Кувайт (мизбон).
Гурӯҳи «F»: Узбекистон (мизбон), Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон.
Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «G»: Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Сингапур, Муғулистон (мизбон).
Гурӯҳи «Н»: Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Камбоҷа (мизбон), Тайбэйи Чин.
Гурӯҳи «I»: Ҷопон, Мянмар (мизбон), Тимори Шарқӣ, Макао.
Гурӯҳи «J»: Малайзия (мизбон), Чин, Лаос, Филиппин.
Гурӯҳи «К»: Ветнам (мизбон), Тайланд, Индонезия, Бруней.