Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муносиботи "сард"-и Тоҷикистону Бритониё


Лағви натиҷаи тендери фурӯши корхонаи «Тоҷиккимиёсаноат”, ки ба фоидаи ширкати бритониёии «Енҷик Кемикал» поён ёфта буд, эҷоди маҳдудият дар роҳи дарёфти раводиди сафар барои шаҳрвандони Тоҷикистону Бритониё ва аз корхонаи муштараки коркарди тиллои «Зарафшон» хориҷ шудани ҷониби бритониёиро таҳлилгарон як навъ аломати вуҷуди мушкил ва сардӣ дар муносиботи Тоҷикистон бо Бритониё арзёбӣ мекунанд.

Ширкати бритониёии «Енҷик Кемикал» тобистони соли равон барандаи музоядаи байналмилалӣ барои харидории корхонаи «Тоҷикхимпром»-и ноҳияи Ёвон эълон шуда буд, аммо давлати Тоҷикистон натоиҷи тендерро эътироф накард. «Енҷик Кемикал» танҳо ширкате буд, ки дар ин музоядаи байналмилалӣ иштирок дошт ва ваъда дода буд, ки корхонаи тақрибан фалаҷгаштаи кимиёии Ёвонро дар ду соли оянда эҳё мекунад.

Ҳамзамон сармоягузорони бритониёӣ ду моҳи пеш ба иллатҳои, ба гуфтаи худи онҳо, дидани хисороти молӣ ва мушкил кашидан дар умури идораи корхона, аз корхонаи коркарди тиллои «Зарафшон» берун шуданд ва кори истихроҷи маъдан аз кони тилои Таррор бар як ширкати чиноӣ гузашт.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, тайи 15 соли ахир Бритониё яке аз кишварҳои аслии кӯмаккунанда ба иқтисоди ин кишвар маҳсуб мешавад. Ин ниҳод мегӯяд, мизони табодули коло миёни Тоҷикистону Бритониё дар соли гузашта беш аз 15 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Вазорати иқтисод муносиботи тиҷории ин ду кишварро дар ҳоли рушд меномад. Аммо Ғафурҷон Расулӣ, сухангӯи вазорати иқтисод, вақте аз ӯ суол шуд, ки ба чӣ сабаб ғолиби тендер оид ба фурӯши «Тоҷиккимиёсаноат» - ширкати «Енҷик Кемикал» аз сӯйи ҳукумат пазируфта нашуд ва чаро сармоягузорони бритониёӣ корхонаи коркарди тиллои «Зарафшон»-ро тарк карданд, чунин гуфт:

«Дар шароити ҳозира меъёри аз ҳама муҳим гирифтани фоида мебошад. Ширкатҳое, ки имкониятҳои молии бештар доранд, онҳо албатта комёб мегарданд, ҷониби бритониёӣ эҳтимол суди хубе дар корхонаи «Зарафшон» ба даст овард ва ҳақ дошт саҳмияи худро фурӯшад. Ҳоло ширкатҳои чиноӣ таваҷҷӯҳ ба ин корхона зоҳир кардаанд ва дар оянда бовар ҳаст, ки кори онҳо гардон мешавад. «Тоҷиккимиёсаноат» мушкили аслиаш ин аст, ки газ надорад ва аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ворид мешавад. Умед дорем, дар оянда кори ин корхона беҳтар мешавад».

Коршиноси тоҷик Рашид Ғанӣ Абдулло ба ин андеша мувофиқ нест, ки муносиботи Тоҷикистону Бритониё дар ҳоли рушд аст ва гузашта аз ин, мегӯяд ӯ, дар қиёс бо шарикони дигари ғарбии Тоҷикистон, Бритониё чандон алоқаманд нест, ки дар муносиботаш бо ин кишвар таҷдиди назар кунад. Оқои Абдулло афзуд:

«Ҷониби Бритония чандон ҳаракати зиёд барои ба роҳ мондани муносибатҳои дурусти иқтисодӣ бо Тоҷикистон кӯшиши казоӣ намекунад. Бритониё ягона абарқудрате мебошад, ки аслан ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи лозим надорад ва дар 16 соли истиқлол ҳеҷ як раҳбари Тоҷикистонро барои дидори расмӣ даъват накард. Чин, Русия, Иёлоти Муттаҳида, Фаронса бо раҳбарияти Тоҷикистон ва кишварҳои дигари қудратманд дидорҳои зиёд доир намуданд ва ҳаракат карданд, ки равобиташон бо Тоҷикистонро дар як сатҳи муайян ва баланди сиёсӣ қарор диҳанд, аммо дар мисоли Бритониё мо инро мушоҳада намекунем».

Дар муносиботи миёни Тоҷикистону Бритониё дар чанд соли ахир масъалаҳое сар задаанд, ки, ба тахмини коршиносон, боиси ба истилоҳ, «нороҳатӣ»-и ҷонибҳо шудаанд. Ба ҷуз қазияи марбут ба ширкати «Енҷик Кемикал» ва тарки корхонаи коркарди тиллои «Зарафшон» аз сӯйи бритониёиҳо, инчунин қазияи «Ансол» ва ТАЛКО, ки дар додгоҳи ҷазоири Вирҷиноёи Бритониё на ба манфиати ширкати алюминиуми тоҷик ҳал шуда буд, инчунин манъи иҷозаи пахши барномаҳои радиои Би-Би-Си рӯи мавҷи FM дар Тоҷикистон, аз масоилеанд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, равобити ин ду кишварро андаке «сард» кардаанд.

Коршинос Сафо Сафаров бар ин назар аст, ки барои беҳсозии муносиботи дипломатию иқтисодии Тоҷикистону Бритониё нахуст бояд давлати Тоҷикистон тасмим бигирад:

«Албатта, мушкилоти мавҷуда бояд ҳалли худро дарёбанд, зеро Тоҷикистон дар марҳилаи нави инкишофи худ густариши муносиботи бисёрсамтаи хориҷиро ҳадаф дорад ва манфиатдор нест, ки муносиботаш бо кишварҳои Ғарб, аз ҷумла, Бритониё ба сардӣ гароянд. Зеро тибқи маълумоти ахир, Созмони бритониёӣ оид ба рушди байналмилалӣ (DFID) тасмим дорад, дар солҳои наздик ҳаҷми барномаҳо ва сармоягузориҳои худро дар ҷумҳуриамон се баробар биафзояд ва барои мақомоти Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкориҳои бештар бо Бритониё воқеан ҳам ҷолиб аст».

Гурӯҳе дигар аз таҳлилгарон иддао пеш меоранд, ки бо ҳал шудани мушкили дарёфти раводид миёни Тоҷикистону Бритониё, масъалаҳои дигари танишзо низ дар муносиботи ин ду кишвар барҳам хоҳанд рафт.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, агар сафорати Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон додани раводидро ба шаҳрвандони ин кишвар дар Душанбе оғоз кунад, ҳамон замон маҳдудиятҳои мавҷуда барои шаҳрвандони Бритониё низ аз байн бурда мешавад. Феълан, шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти раводиди Бритониё бояд ба Алмато ё Маскав сафар бикунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар сафорати Бритониё дар Душанбе ҳозир нашуданд, ин мавзӯъро шарҳ бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG