Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳбозии мардикорони тоҷик дар Русия


Гурӯҳи мардикорони тоҷик дар Русия
Гурӯҳи мардикорони тоҷик дар Русия

Рӯзномаи бонуфӯзи маскавии «Комсомолская правда» дар шумораи ахири худ навиштааст, тоҷикҳо дар Русия ҳамватанони худро ба ғулом табдил медиҳанд.

Ин рӯзнома менависад, Азим Махсумов - корфармои тоҷик дар асоси шартномаҳои машкук аз Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавононро барои таҳсил ва кори минбаъда аз рӯи ихтисос ба Рязан овард, вале чун онҳо пай бурданд, ки фиреб хурдаанд, омузишгоҳро тарк карданд. Ва танҳо чор нафар мондаанд ва яке аз онҳоро дар ҳолати бемории шадид ба Тоҷикистон бозгардонидаанд.

Аммо Махсумов мегуяд, он чи хабарнигор навиштааст, ҳақиқати таҳрифшуда аст. Вай гуфт, «ман ба хабарнигор гуфта будам, ки барои роҳандозии як маҷрои мутамаддини муҳоҷирати корӣ бо пули худам аз Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавононро овардам, барои ҳунаромӯзӣ ба омузишгоҳи касбӣ дохил кардам, аммо ин иқдом ба созмони дигари иҷтимоии тоҷикон маъқул нашуд. Онҳо сари мо фишор оварданд ва оқибат шогирдон пароканда шуданд».

Махсумов таъкид кард, ки «дар бораи ғуломсозии тоҷикон аз сӯи тоҷикон хабаре дар даст надорам, ҳол он ки аз вазъи муҳоҷират дар вилоят хуб огоҳ ҳастам. Аз 40 ҳазор муҳоҷир дар Рязан 18 дарсади онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва корфармоёни тоҷик он қадар зиёд нестанд, ки битавонанд онҳоро асир худ созанд. Дар Рязан ҳар ки ҷой кор дорад, то 15 ҳазор - ҳудудан муъодили 800 доллар моҳона дарёфт мекунад, вале хабаргор навиштааст, дар Рязан моҳона аз 3,5 ҳазор рубл ва ё 150 доллар бештар нест».

Азим Махсумов таъкид кард, ки «хабарнигори рӯзномаи «Комсомолская правда» навиштаст, ки гӯиё ман Ибни Синоро араб гуфтаам. Сехонагии маро панҷхонагӣ навиштааст. Дар маҷмуъ гузориш ҷанбаи бегонаситезӣ дорад ва ин маъниро ман дар суҳбати телефонӣ бо хабанигор таъкид кардам».


Ҳамзамон Кароматулло Шарифов, раиси созмони «Муҳоҷирони кории Тоҷикистон» ҳам бар он аст, ки пасманзари навиштаи «Комсомолская правда» шармсор кардани тоҷикон аст, вале аз сӯи дигар гуноҳи раисони ҷамъиятҳои Рязан ҳам ҳаст, ки ба ҳам забон наёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол масъули муҳоҷират дар сафорати Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Ҷалилов мегуяд, навиштаи рӯзномаи «Комсомолская правда» воқеият дорад ва дар мавриди саргардонии онҳое, ки дар заминаи шартнома бо миёнҷиёни тоҷикистонӣ ба Русия ба кор омадаанд, мо дар даст шикоятномаҳои зиёд дорем.

Дар муқобил ба гуфтаҳои намояндаи сафорат Кароматулло Шарифов мегуяд, «тафриқа дар байни роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия пас аз ташкили ду ҷамъияти саросарӣ бештар шуд. Феълан дар аксари вилоятҳо ду ё се ҷамъият вуҷуд дорад ва раисони он ҷамъиятҳое, ки аз сӯи сафорат пуштибонӣ доранд, мехоҳанд теъдоди бештари муҳоҷиронро фаро бигиранд ва дар бозори мардикор ҳоким бошанд, зеро барои таҳияи ҳуҷҷатҳои корӣ як миёнҷӣ аз як муҳоҷири тозаворид то 12 ҳазор рубл, ё ҳудуди 700 доллар, дарёфт мекунад. Дар ҳоле, ки ҳароҷоти ин аснод андаке беш аз 100 доллар аст».

Ба навиштаи «Комсомолская правда» ин системаро на муҳоҷирон барои худ, балки Русия барои онҳо эҷод кардааст, ки воқеан ҳам сангин аст. Ин мавзуъ дар китоби таърихи синфи 5 бо номи «Ғуломдорӣ» ёд мешавад - омадааст дар идомаи гузориши «Комсомолская правда» аз рӯзгори муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Рязани Русия.

XS
SM
MD
LG