Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоркӯҳ - қалби "Сегӯшаи исломӣ"-и водии Фарғона


Ноҳияи Исфара ҳамеша бо суннатҳои қавии мазҳабӣ шӯҳрат дошт. Даргириҳои ахири нерӯҳои пулис бо тундравони мазҳабӣ дар Исфара ин минтақаро дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеа қарор дод. Хабарнигорони Озодӣ зимни як сафар дар бораи вазъи ин минтақа гузорише омода кардаанд.

Бинои дутабақаи шӯъбаи пулиси ҷамоати Чоркӯҳ дар миёни хонаҳои гилин аз дур ҳам ба назар мерасад. Дар Тоҷикистон шӯъбаи минтақавии пулис маъмулан ба як ноҳия хидмат мекунад. Вале ҷамоати Чоркӯҳ истисност.

Даргириҳо бо пайравони ҲИУ

Моҳҳои ахир, на танҳо пулиси Чоркӯҳ, балки ҳамаи кормандони пулиси ноҳияи Исфара пуркор буданд. Моҳи октябр дар Чоркӯҳ ва дар маҳале бо номи Чилдухтарон дар ҳамсоягии Чоркӯҳ 5 шӯришӣ дар ду амалиёти пулис кушта шуданд. Мақомот мегӯянд, ду нафари онҳо, аз ҷумла як зан, ҷонибдорони Ҳаракати Исломии Узбакистон будаанд, созмоне, ки фаъолияти он чун созмони террористӣ мамнӯъ эълон шудааст.



Пулис иддао мекунад, ки яке аз гумонбарон дар урдугоҳҳои террористӣ дар хориҷ тамрин гирифтааст. Мақомоти расмии Душанбе изҳори нигаронӣ кардаанд, ки дар ноҳияи Исфара ҷонибдорӣ аз Ҳаракати Исломии Узбакистон бештар мешавад. Танҳо аз деҳаи Чоркӯҳ ҳоло 15 нафар барои иртибот бо гурӯҳҳои тундрав дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Даҳҳо нафар сокинони Исфара барои гӯё узвият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон ва ё ҷонибдорӣ аз ин созмони ғайриқонунӣ боздошт шудаанд.

Дар давоми ду соли гузашта ба кормандони пулиси Исфара чанд дафъа ҳамла сурат гирифтааст ва барои ин ҳамлаҳо Ҳаракати Исломии Узбакистонро гунаҳгор медонанд. Як корманди боломақоми пулис дар рӯзи равшан кушта шуд ва ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Мақомот ва ҳамчунин коршиносон борҳо изҳори нигаронӣ кардаанд, ки агар Исфара ноором шавад, вазъи он ба осонӣ метавонад ба саросари минтақа сироят кунад.

Зиёрат аз Чоркӯҳи Исфара
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:05 0:00


"Сегӯшаи исломӣ"

Исфара дар қалби водии Фарғона ҷой гирифтаст. Матбуоти маҳаллӣ Исфараро "Сегӯшаи исломӣ" ном бурдаанд. Мо дар роҳ аз Хуҷанд ба Чоркӯҳ ҳадди аққал шаш дафъа ба қаламрави ҷанубии Қирғизистон ворид шудем. Дар яке аз ҷойҳо ҳатто чашмамон ба лавҳаи таблиғотии яке аз ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон бархӯрд, ки баъд аз як моҳи интихоботи парлумонӣ ҳамоно овезон буд.

Рашидхон Саидмуҳаммадов, имомхатиби масҷиди Сари Бозори Чоркӯҳ

Дар масҷиди Сари Бозори деҳаи Чоркӯҳ Рашидхон Саидмуҳаммадов - имомхатиби масҷид гуфт, ки ҳатто дар солҳои Шӯравӣ низ дар Исфара муллоҳо ба бачаҳо ба таври хусусӣ аз ислом дарс медоданд. Рашидхон фаъолияти тудравҳо ва гурӯҳҳои террористиро маҳкум мекунад ва мегӯяд, агар онҳо бихоҳанд ба ислом хидмат кунанд, чаро ба масҷид намеоянд, намоз намегузоранд ва имоми масҷид шаванд. Ё чаро онҳо ба ҷои он, ки ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ бипайванданд, ба узвияти Ҳизби сабтиномшудаи Наҳзати Исломии Тоҷикистон намедароянд?

Рашидхон ҳамчунин аз сиёсатҳои ҳукумат нисбат ба ислом низ интиқод мекунад. Ӯ мегӯяд: "Коргароне, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ кор мекунанд, онҳо набояд дар намозҳои ҷумъа ва ё намозҳои панҷвақта иштирок кунанд. Ин ҳам як монеаэҷодкунӣ аст. Мехоҳанд, ки ҳамаи мардҳои аз 50-сола боло риш монанд. Хуб, дар ҳамин намозҳо иштирок кардани коргар, риш мондани мардум ва ё бо сатр гаштани занҳо магар ба пешравии ҷамъият ва тараққиёти ҷумҳурӣ ягон зарра зарар ё фоида дорад?"

28 масҷиди як ҷамоат

Tajikistan -- Hoji Haidarkhon Ibn Mirzojura Grand Mosque, Chorkuh, 06Nov2010

Ба ҷуз аз масҷиди Сари Бозор дар ҷамоати Чоркӯҳ 27 масҷиди дигар аз ҷумла ду масҷиди ҷомеъ амал мекунанд. Ин деҳа ҳамчунин бо номи "Салмони Форс" мадрасаи худро дошт, ки дар он 200 нафар шогирдон аз саросари Тоҷикистон таълимоти динӣ мегирифтанд. Баъд аз он ки се нафар аз шогирдони собиқи ин мадраса ба боздоштгоҳи Гуантанамо афтоданд, мақомоти интизомӣ мадрасаро бастанд. Баъзе аз шахсиятҳои мазҳабӣ дар Чоркӯҳ мегӯянд, ки бояд ин мадраса дубора боз шавад, зеро имкон дорад, ки ҷавонон ба мадрасаҳои махфӣ бипайванданд.

Асадулло Карим, сиёсатшинос, ки зодаи Исфара аст, эътироф мекунад, ки ҷомеаи Исфара нисбат ба ноҳияҳои дигари вилояти Суғд муҳофизакортар аст. Аммо вай мегӯяд, ақидаҳо дар бораи ба пойгоҳи тундравҳо табдил шудани Исфара муболиға аст. Ба ақидаи вай, фақру бенавоӣ ва бекории қобили мулоҳиза дар миёни ҷавонон сабаби аслии "фароҳам омадани заминаҳои норизоятӣ" мебошад.

Корхонаҳои баста ва ҷавонони бекор

Ба гуфтаи вай, дар солҳои 1980-ум дар Исфара 21 корхонаи саноатӣ фаъол буд ва ҷавонон дар ин корхонаҳо машғули кор буданд. Ҳоло аз онҳо танҳо 3 ё 4 корхона кор мекунад. Чоркӯҳ 35 000 нафар аҳолӣ дорад ва аксари аҳолӣ ҷавонон мебошанд ва дар он ҷо ҷои кор хеле кам аст.

Ӯ гуфт: "Барои пайдо кардани қути лоямут чӣ кор мекунад? Рӯ меорад ба он гурӯҳҳои ба истилоҳ иртиҷоӣ. Аз нигоҳи молиявӣ ин ҷараёнҳо кӯмак мекунанд, ёрии моддӣ мерасонанд, яъне яке аз воситаҳои рӯзгузаронӣ, яке аз воситаҳои қути лоямут пайдо кардан ва аҳли хонаводаи худро бо нон таъмин кардан аст. Як бахши бачаҳо дар ин кор ҳастанд, ки онро имрӯз инкор кардан намешавад".

Карим меафзояд, шумо наметавонед бо куштану ба зиндон андохтан пеши роҳи тундгароиро бигиред. Барои ҷавонон бояд шароит муҳайё кард, ки онҳо барои зиндагии худ бо корҳои хуб машғул шаванд, ақидаи худро озодона гуфта тавонанд.

XS
SM
MD
LG