Чунончи, президенти Қирғизистон, Қурмонбек Боқиев, дар гуфтугу бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, масъалаи расидагӣ ба куштори шаҳрвандони Қирғизистон дар Русияро матраҳ кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки порлумони Қирғизистон имруз дар қатъномаи худ ҳамлаҳои нажодпарастона ба муҳоҷирони қирғиз дар Русияро маҳкум карда, аз мақомоти Маскав хост, аз такрори чунин ҳодисаҳо ҷилавгирӣ кунанд.
Тавре ки аз суҳбати Владимир Путин бармеояд афзоиши бегонаситезӣ дар Русия раҳбарони дигар кишварҳои узви ҷомеаро низ нигарон кардааст. Путин гуфт: «Ман дирӯз бо бархе аз президентҳо дидор ва гуфтугӯ кардам. Ва ҳар яки онҳо гуфт, ки дар қаламрави Русия шаҳрвандони онҳо ба бадбинӣ ва бегонаситезӣ рӯбарӯ мешаванд ва нажодпарастон дар ин кишвар ба ҷони онҳо суиқасд мекунанд. Мо пузиши зиёд мехоҳем ва мо ҳар иқдомро анҷом медиҳем, то гунаҳкорон ба ҷазо кашида шаванд. Мо бо бегонаситезӣ мубориза хоҳем бурд. Ва аз ин ва баъд мо кӯшиш мекунем, ки шаҳрвандони кишварҳои ҳамсуд дар Русия таҳти ҳимояти давлат қарор бигиранд."
Он гуна ки бисёре аз коршиносон пешгӯӣ мекарданд, нишасти сарони кишварҳои ҳамсуд дар Маскав дар зери таъсири эъломияи истиқлолияти Косово ҷараён гирифт. Ба гуфтаи ҳамин коршиносон Владимир Путин ба ин васила мехоҳад, сарони кишварҳои ҳамсудро мутақоид кунад, ки эътирофи истиқлолияти Косово авоқиби ногувореро дар пай хоҳад дошт.
Аммо Алексей Власов коршиноси Русия мегӯяд, ҳадаф аз ширкати сарони Гурҷистон ва Молдова баракс ин буд, ки мехоҳанд, мутақоид шаванд, Маскав аз нируҳои ҷудоиталаб дар ин ду кишвар пуштибонӣ намекунад. Дар ҳамоиш инчунин масоили марбут ба равобити ин кишварҳо бо Русия низ баррасӣ шуд ва дар гуфтугӯҳои дуҷониба ҳамкориҳои энержӣ ва иқтисодӣ мавриди баҳс қарор гирифт.
Ин охирин мулоқоти Владимир Путин бо президентҳои кишварҳои ҳамсуд ба унвони раиси ҷумҳури Русия буд. Дар ин ҳамоиш Дмитрий Медведев, ноиби аввали сарвазир ва ба истилоҳ, президенти ояндаи Русия, низ ширкат дошт ва ба гуфтаи аксари коршиносон, мулоқот як навъ падруди руасои ҷумҳури кишварҳои ҳамсуд бо Путин ва ошноии онҳо бо Медведев буд.