Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои осиёӣ бо пирӯзии Туркманистон поён ёфт


Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 16-ум то 27-уми сентябр дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод - баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон ба поён расид.

Варзишгарони туркман, ки аз аввал то охири бозиҳо пешсафиро аз даст надоданд, дар ҳисоби умумидастаӣ бо касби 245 медал (89 тилло, 70 нуқра ва 86 биринҷӣ) ҳам аз рӯи сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо мақоми аввалро азони худ карданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи сифати медалҳо дар ҷойи 17-ум ва аз рӯи шумораи умумии медалҳо дар ҷойи 8-ум қарор гирифт.

Мунтахаби Чин бо касби 97 медал (42 тилло, 32 нуқра ва 23 биринҷӣ) аз рӯи сифати медалҳо ҷойи дувум ва аз рӯи шумораи умумии медалҳо ҷойи чорумро соҳиб шуд. Мунтахаби Эрон бо касби 118 медал (36 тилло, 23 нуқра ва 59 биринҷӣ) ҳам аз рӯи сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо ҷойи севумро гирифт.

Ба ҷуз Туркманистон боз се кишвари дигари Осиёи Марказӣ дар ҳисоби умумидастаӣ ба даҳгонаи аввал дохил шуд:

Қазоқистон – 96 медал (28 тилло, 28 нуқра, 40 биринҷӣ) - ҷойи 4-ум аз рӯи сифати медалҳо, ҷойи 5-ум аз рӯи шумораи умумии медалҳо.

Узбакистон – 131 медал (24 тилло, 33 нуқра, 74 биринҷӣ) - ҷойи 5-ум аз рӯи сифати медалҳо, ҷойи 2-юм аз рӯи шумораи умумии медалҳо.

Қирғизистон – 70 медал (13 тилло, 20 нуқра ва 37 биринҷӣ) - ҷойи 8-ум аз рӯи сифати медалҳо, ҷойи 6-ум аз рӯи шумораи умумии медалҳо.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ ҳамагӣ 51 медал (3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ) ба даст оварданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи сифати медалҳо дар ҷойи 17-ум ва аз рӯи шумораи умумии медалҳо дар ҷойи 8-ум қарор гирифт.

Акмалиддин Каримов.
Акмалиддин Каримов.

Умуман, дар ин бозиҳо 36 даста бо медалҳои бозиҳо мукофотонида шуд. Варзишгарони 28 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 125 варзишгар дар 15 намуд ширкат кард. Намояндагони Тоҷикистон дар 9 намуд 51 медал ба даст оварданд:

Самбо – 2 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ,

Кикбоксинг – 1 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ,

Гуштии камарбандӣ – 6 нуқра, 13 биринҷӣ,

Гуштии варзишӣ: гуштии озод – 1 нуқра, гуштии юнониву румӣ – 2 биринҷӣ,

Кураш – 1 нуқра, 2 биринҷӣ,

Таэквондо WTF – 1 нуқра,

Гуштии анъанавӣ ё туркманӣ – 8 биринҷӣ,

Ҷиу-ҷитсу – 2 биринҷӣ,

Муайтай – 1 биринҷӣ.

Се медали тиллоро ба хазинаи мунтахаби Тоҷикистон Миҷгона Самадова дар риштаи кикбоксинг миёни занон дар вазни зери 60 кило, Акмалиддин Каримов дар мусобиқаи самбои варзишӣ миёни мардон дар вазни зери 57 кило ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ дар вазни зери 74 кило оварданд.

Варзишгарони тоҷик дар намудҳои олимпии варзиш 2 медали нуқра (Манучеҳр Неъматов, таэквондо WTF, Искандари Рустам, гуштии озод) ва 2 медали биринҷӣ (Сӯҳроб Абдулҳаев ва Мирзоамин Сафаров, гуштии юнониву румӣ) гирифтанд. Вале намояндагони Тоҷикистон дар шаш намуд – баскетбол (3х3), вазнабардорӣ, варзиши сабук, велосипедронӣ дар трек, шиноварӣ ва шоҳмот - бе медал монданд.

Ҳамин тариқ, мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқобод аз рӯи ҳамаи 21 намуди варзиш ба поён расид. Дар рақобатҳо варзишгарон дар таркиби 64 дастаи мунтахаб аз кишварҳои Осиё, Уқёнус, инчунин дастаи паноҳандагон зери парчами Шӯрои олимпии Осиё ширкат карданд. Шоми имрӯз, 27-уми сентябр, дар Варзишгоҳи олимпии Ишқобод маросими пуршукӯҳи пӯшидашавии бозиҳо доир мешавад.

XS
SM
MD
LG