Владимир Путин дар ҷаласаи вазорати корҳои дохилаи Русия аз пулиси ин кишвар хост бо афроди нажодпараст ва миллатгаро хубтар мубориза баранд, чун ба гуфтаи вай нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ барои давлатдории Русия хатар дорад.
Вай аз ҷумла гуфт, «дар ҳама замон Русия бо мутаҳиддии мардумони маскуни ин кишвар пурзӯр буд. Милатгароии ифротиву нажодпарастӣ, даъват ба хушунат ва тафриқаҳои байниқавмӣ ҳамеша барои Русия хатар дорад ва ин як бомби соатӣ аст, ки зери давлати мо гузошта шудааст».
Барои аввалин бор аст, ки Владимир Путин дар мавзуи бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ ин гуна ошкоро сӯҳбат мекунад, ҳарчанд то кунун дар бораи афзоиши бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ дар Русия танҳо созмонҳои ҳуқуқи башар ошкоро садо баланд мекарданд.
Галина Кожевникова масъули омӯзиши масоили бегонаситези дар созмони ҳомии ҳуқуқи “СОВА” мегӯяд, бегонаситезӣ дар Русия сол то сол афзоиш меёбад ва дар Русия сартарошидаҳо ё скинхедҳо ба афроде ҳамла меоранд, ки қиёфааш ба рус монанд нест.
Ба гуфтаи хонум Кожевникова аз дасти сартарошидаҳо ҳам шаҳрвандони кишварҳои ҳамсуд ва ҳам шаҳрвандони Русия, ки аз Қафқоз, Бурятия ва дигар минтақаҳои Русия, ки ба рус монандӣ надоранд ҳамла мекунанд.
Вай афзуд, аз дасти сартарошидаҳо дар Русия аз ҳама бештар шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва сиёҳпӯстҳо дар хатаранд. Мардуми Қафқоз, ки шаҳрванди Русия ҳастанд, аз дасти сартарошидаҳо низ зери хатаранд. Аммо сиёҳпӯстҳо ва мардуми Осиёи Марказӣ бештар дар хатаранд, чун онҳо дар Русия ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд ва онҳоро давлат ҳимоят намекунад.
Коршиносони Русия умедворанд, ки мақомоти Русия мубориза алайҳи бегонаситезиро ҷиддитар аҳамият хоҳад дод. Ахиран пулиси Русия гуфт, 4 нафар сартарошидаро дастгир карданд, ки онҳо дар қатли беш аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон даст доштаанд. Дар миёни ин 4 нафар як духтари рус ҳам будааст, ки дар ҷараёни қатли шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат кардааст.
Кошиносон мегӯянд, пулиси ин кишвар, ки дар миёни онҳо низ миллатгароён кам нестанд, бояд алайҳи сартарошидаҳо мубориза бубарад, на ин ки аз ақидаҳои сартарошидаҳо пуштибонӣ кунанд.
Камтар сабр кунед, бародарон. Як-ду моҳи дигар ҳаво сардтар аст. Худо хоҳад сарҳади Русия дар фасли гармо кушода мешавад. Ба умеди вазорати шуғли аҳолӣ нашавед. Рафта Шумо фиреб хурдед аз дасти намояндаҳои ин вазорат коре намеояд чунки гапи онҳо дар як милисаи қатории ППС намегузарад. Ҳушёр бошеду "зираки"ро аз даст надиҳед.
Армияи конракти барои Точикистон зарур аст, на кад кади кучахо чавонхои бечора ро дастгир кардан! Агар армияи контракти бошад, обруй ва кайфияти армия баланд мешавадц
Ин шабохати мухичирони кореяи шимоли дар россия. Кариб гуломи
Ин тиҷорат аст на сиёссиёсатофаринӣ. Сиёсат барои мардум аст на мардум барои сиёсатофар.Ин манфиатхоҳист на хайрияти умум ва иқтидори ҳарбӣ.Чи аҷобо агар ростгуед оё метавонед бо роҳи одилонатар берун аз маҷбурият роҳи рушд ва таррақиро дар самти сиёсатофаринии хеш пойдо намринӣ.Оё маблағи муайянгардида ба ММД-и милли мувофиқ ва мувозист.Ва агар дар воқеъ сиёсатофар ва шоистаи тахассуси худ ҳастед.Боз як зулми капитализм.Қонуни ҷангал.Ин ас паёми ман ҳамчун як шаҳрванди озод ва адолатхоҳ ба саркардагони ин иқдом.
Точикистон ба чои чойи кор ташкил кардан барои шахрвандош гулом тайер карда Иркутск равон кардестай