Давлат Назрӣ, сухангӯи вазири хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, ки дар ин дидор мавзӯъи шомили ҳамин феҳрист шудани порки миллии кишвар дар соли 2009 матраҳ шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки порки мазбур бар тибқи муқаррарот бояд соли 2030, яъне баъд аз ҳудудан 50 соли таъсисаш, ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКO ворид мешуд.
Порки миллии Тоҷикистон, ки дар 20-уми майи соли 1992 бо қарори девони вазирони кишвар таъсис ёфтааст, як қисмати бузурги Бадахшон ва навоҳии Ҷиргатолу Тавилдараро фаро гирифта, дар таркиби худ нодиртарин ҳаявон, бӯтаву гулу гиёҳ ва парандаву моҳиро ҷой додааст.
Ба қавли Давлат Назрӣ, порки миллӣ барои ҳифзи нодиртарин сарватҳои табиъӣ, олами рустанӣ ва вуҳуш, мантақаҳои эколожӣ, ёдгориҳои меъмории фарҳангиву бостонӣ ва рушди ҷаҳонгардӣ таъсис ёфтааст.
Ба ин порк қаторкӯҳҳои Академияи улум, Зулолмард, қисмати шимолии кӯҳпораҳои Ванҷ, Язғулом, ва Дарвоз бо шумули баландтарин қулла дар Осиёи Марказӣ - Исмоили Сомонӣ, дараҳои Баланд ва пиряхи Федченко, кӯлҳои нодиртарин, баландатрин кӯли ҷаҳон Сарез ҷойгиранд.
Порки милии Тоҷикистон бо масоҳати 2,6 млн ҳектор бузургтарин порк қар Осиёи Марказӣ маҳсуб меравад ва 18%-и марзу буми Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Порки миллии Тоҷикистон, ба иттилоъи коришносон, на танҳо дар кишвар, балки дар қорраи Осиё дар тамоми ҷаҳон беназир аст. Зеро порк ҳомили қуллаҳои то 7495 метр қомат афрохта, пиряхҳои бо исми «абадан яхбаста», маъруфтар бо номи Федченко, ки 77 км арзу тӯл дошта, миллионҳо мукаъъаб ях доранд ва Осиёи марказиро бо шумули Афғонистону Узбакистон ва Туркманистон сероб мекунанд, будааст.
Вежагии махсуси ин порк кӯлҳои нодири ӯст. Дар Помир дар баландии аз 3 000 то 5000 метр 1450 кӯл ва 220 дарё мавҷуд аст. Кӯлҳои Помир 83%-и кӯлҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Кӯлҳои Сарез ва Қарокӯл бо ҷойгиршавиашон дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр ва то 236 метр умқ доштанашон дар олам назир надоранд.
Дар Порки миллии Тоҷикистон нодиртарин хирсҳои хокистарранг, гурги сурх, рӯбоҳи кӯҳӣ, сағуру харгӯшҳо, уқоби сарсафед, мурғобиҳои нодир, ки дар ягон кишвари дунё мушоҳида нашудаву ба «Китоби сурх» ворид шудаанд, зиндагонӣ доранд.
Абдунназари Абдунназр, табиъатшинос ва корманди пажӯҳишгоҳи ботаникии Помир, мегӯяд, ҳамзамон дар ин порк ҳазорон гулу гиёҳ, меваву рустанӣ ва дарахту ниҳоли беназир, ки дар олами наботот ягона ва бемисл будаанд, мавҷуданд, ки ҳифозати ҷиддӣ ва нигаҳбонии онҳо маблағҳои бузург талаб мекунад.
Дар ҳамин ҳол коршинсон мегӯянд, воридшавии Порки миллии Тоҷикистон ба феҳристи нодиртарин ёдгориҳои ЮНЕСКO метавонад сафи ҷаҳонагардонро ба ин мавзеъ афзояд ва ҳам маблағҳои бузургтаре барои ҳифозати минтақа ҷудо кунад.
Камтар сабр кунед, бародарон. Як-ду моҳи дигар ҳаво сардтар аст. Худо хоҳад сарҳади Русия дар фасли гармо кушода мешавад. Ба умеди вазорати шуғли аҳолӣ нашавед. Рафта Шумо фиреб хурдед аз дасти намояндаҳои ин вазорат коре намеояд чунки гапи онҳо дар як милисаи қатории ППС намегузарад. Ҳушёр бошеду "зираки"ро аз даст надиҳед.
Армияи конракти барои Точикистон зарур аст, на кад кади кучахо чавонхои бечора ро дастгир кардан! Агар армияи контракти бошад, обруй ва кайфияти армия баланд мешавадц
Ин шабохати мухичирони кореяи шимоли дар россия. Кариб гуломи
Ин тиҷорат аст на сиёссиёсатофаринӣ. Сиёсат барои мардум аст на мардум барои сиёсатофар.Ин манфиатхоҳист на хайрияти умум ва иқтидори ҳарбӣ.Чи аҷобо агар ростгуед оё метавонед бо роҳи одилонатар берун аз маҷбурият роҳи рушд ва таррақиро дар самти сиёсатофаринии хеш пойдо намринӣ.Оё маблағи муайянгардида ба ММД-и милли мувофиқ ва мувозист.Ва агар дар воқеъ сиёсатофар ва шоистаи тахассуси худ ҳастед.Боз як зулми капитализм.Қонуни ҷангал.Ин ас паёми ман ҳамчун як шаҳрванди озод ва адолатхоҳ ба саркардагони ин иқдом.
Точикистон ба чои чойи кор ташкил кардан барои шахрвандош гулом тайер карда Иркутск равон кардестай