Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе маҳдудияти амиқи барқ ҷорӣ мешавад


Шурӯъ аз имрӯз, 7-уми феврал, дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе маҳдудияти амиқи барқ ҷорӣ мешавад.

Ба таъйиди Рашид Гулов, ҷонишини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик», аз ҳамин шаб сар карда, дигар аз соати 22 то 5-и субҳ барқи ҳама нуқтаҳо, аз ҷумла хонаҳои истиқоматӣ, қатъ карда мешавад. Дар ҳамин ҳол, мутазаккир шуд оқои Гулов, имкон дорад, ки барқ рӯзона ҳам қатъ гардад. Ӯ инчунин таъкид намуд, ки маркази шаҳр ва нуқоти муҳимми ҳаётӣ аз ин маҳдудият чун қабл истисно ҳастанд.
Рашид Гулов ҳамчунин гуфт, ки реҷаи мазкур аз маҳдудияти қаблӣ, ки тибқи он барқ дар маҳалҳои шаҳр ба навбат қатъ карда мешуд, ҷиддан фарқ мекунад. «Ҳама ҷузъиёти реҷаи нави маҳдудияти интиқоли барқ дар Душанбе имрӯз бегоҳ аз тариқи барномаи якуми телевизиони кишвар мушаххасан шунавонида хоҳанд шуд.
Ӯ мутазаккир шуд, ки дар ҳоли ҳозир интиқоли шабонарӯзии нерӯи барқ ба Корхонаи алюминиуми тоҷик аз 21 миллион то 17 миллион кВт/c кам карда шудааст.
Дар робита ба сабабҳои ин тасмим шарҳ дода, Р. Гулов ду ҳолатро далел овард: нахуст, вуруди об ба обанбари НБО-и Норак хеле кам шудааст, ва, дигар, қатъи интиқоли барқ ба кишвар аз Узбакистон. Оқои Гулов, аз ҷумла, гуфт: «То сатҳи, ба истилоҳ, «мурда»-и об дар обанбори Норак ҳамагӣ 3 метр мондааст. Вуруди оби дарёи Вахш ба ин обанбор ду баробар кам шудааст, ва феълан ба андозаи 80 метри мукаъъаб дар 1 сонияро ташкил медиҳад».
Бино бар шарҳи ӯ, истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳи мазкур барои он кам карда мешавад, ки захираи мавҷудаи об дар обанбор ҳарчи бештар истифода шавад. Ӯ ҳамчунин мутазаккир гардид, ки, бино бар дастури истифодаи садди обанбори нерӯгоҳ, истифодаи об дар он поинтар аз сатҳи 857 метри болтар аз сатҳи баҳр мамнӯъ аст, чунки ин имкон дорад ба ҳолати ҷиддии садамавӣ дар НБО оварад.
Дар ҳамин ҳол, онгуна, ки раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев чанде пеш эълом намуда буд, агар сатҳи об дар обанбор аз нуқтаи эътидол поинтар фарояд, НБО-и Норак аз кор нахоҳад монд, балки танҳо аз ҳисоби воридшавии оби дарёи Вахш ба обанбори он кор хоҳад кард, ва, бад-ин сурат, метавонад шабонарӯзӣ на бештар аз 25 миллион кВт/cоат барқ диҳад.
Дар ҳамин ҳол кормандони соҳа мутмаинанд, ки муҳлатҳои баитмомрасии захираи обанбори Норак ба шароити табиъӣ ва воридшавии барқи аз хориҷа бастагӣ дорад. Дар ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, ки ҳарчанд Узбакистон бино бар дар сармои шадид афзудани ниёзи мардуми худ ба барқ шурӯъ аз 4-уми феврал интиқоли барқ ба Тоҷикистонро комитлан қатъ кардааст, вале ваъдаи рӯзҳои наздик азсаргирии интиқоли онро кардааст.
Шарикони дигари Тоҷикистон – Туркманистон ва Қирғизистон – дар ҳоли ҳозир интиқоли нерӯи барқи худ ба ин кишварро идома дода истодаанд ва ҳамарӯза то 7,5 миллион кВт/cоат нерӯи барқ аз ин кишварҳо ба Тоҷикистон ворид карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки маҳдудияти «банавбат»-и интиқоли барқ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, 16-уми январ мабнӣ бар қарори раиси шаҳр М.Убайдуллоев ҷорӣ шуда буд, ки то 31-уми январ идома намуд ва дар оғози моҳи феврал пурра бекор гардида буд.
XS
SM
MD
LG