Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назорати санитарӣ, мушкили дигари масҷидҳо?


Маркази назорати санитарии шаҳри Кӯлоб ҳудуди 50 масҷидро мавриди санҷиш қарор додааст.

Ҷамшед Рофиев, сардори ин марказ дар сӯҳбат ба “Озодӣ” гуфт, тафтиши санитарии масҷидҳои дигар низ идома дошта, дар он асосан таҳоратхона, ҷои намозгузорӣ ва тозагии атрофи масҷидҳо мавриди тафтиш қарор мегирад.
Ҳоло дар Тоҷикистон 3348 масҷиди панҷвақта, 330 масҷиди ҷомеъ, 31 масҷиди ҷомеаи марказӣ фаъолият доранд, ки дар Кумитаи дини Тоҷикистон сабтином шудаанд...


Вай мегӯяд, ҳадаф аз ин санҷишҳо монеагузорӣ дар фаъолияти масҷидҳо набуда, балки муҳайё сохтани шароити беҳтаре барои намозгузорон ва ҳифзи сиҳҳати онҳост.

Ҷаноби Рофиев афзуд: "Мо масъалаи таҳоратхонаҳоро мебинем, то оби он ба берун наравад. Мебинем, ки ҷои намозгузориро бо чӣ рӯбучин мекунанд. Ҳоло пешниҳод дорем, ки на бо ҷоруб, балки бо чангкашак тоза кунанд. Талош дорем, ки бояд ҳама чиз ҳозиразамон бошад. Ҷои пойафзолгузорӣ ҳам бошад. Яъне, бояд шароит муҳайё кунанд барои одамоне, ки ба масҷид меоянд."



Домулло Холмурод, имоми масҷиди “Ҳоҷӣ Абдуғаффор”-и шаҳри Кӯлоб мегӯяд, масҷиди онҳо низ мавриди санҷиш қарор гирифта, вале то ҳанӯз мушкиле дар фаъолияти онҳо эҷод нашудааст.

Мавлон Мухторов
Агарчӣ баъзе афроди огоҳ аз қазия гуфтанд, ки кормандони маркази санитариро дар ин кор маъмурони додситонӣ низ ҳамроҳӣ мекарданд, вале домулло Холмурод онро рад намуд. Вай гуфт, танҳо кормандони маркази санитарӣ ба масҷиди онҳо омада ва ба тозагии ҷои намозгузорӣ баҳо додаанд.

Аммо ӯ гуфт, баъзе аз масҷидҳо барои он, ки таҳоратхонаи муносибе надоштанд, мавриди танқид қарор гирифта, барои ислоҳи ин камбуд муваззаф шудаанд.

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ҳангоми сабтиноми масҷидҳо дар ин ниҳоди расмӣ низ масъалаи покизагии ҷои ибодат ва макони таҳорат ба назар гирифта мешавад. Вале ҷаноби Мухторов назорати санитарии масҷидҳо дар Кӯлобро кори марбут ба маркази санитарӣ донист ва гуфт, ки дар ин санҷишҳо кумита даст надорад.

Воҳидхон Қосиддинов
Бо ин ҳол, бархе аз коршиносон ба ин боваранд, ки шояд назорати санитарии масҷидҳо баҳонае барои эҷоди мушкил дар фаъолияти онҳо бошад. Воҳидхон Қосиддинов, муовини раҳбари ҲНИТ мегӯяд, ҷонибдори аз ҷиҳати санитарӣ тоза будани масҷидҳост, вале аз он хавф дорад, ки "ин як баҳонае барои фишор ва маҳдудияти кори масоҷид набошад."

Назорати санитарии масҷидҳо дар ҳолест, ки қаблан мақомоти давлатӣ дари баъзе аз масҷидҳоро ба далели ин, ки бинои он гӯё барои ибодат мувофиқ набуд, бастанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон 3348 масҷиди панҷвақта, 330 масҷиди ҷомеъ, 31 масҷиди ҷомеаи марказӣ фаъолият доранд, ки дар Кумитаи дини Тоҷикистон сабтином шудаанд.
XS
SM
MD
LG