Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии замин


Тоҷикистон аз лиҳози замини кишт яке аз камзаминтарин кишварҳои ҷаҳон ба шумор меояд.

Ва бо вуҷуди камзаминияш Тоҷикистон кишвари аграрӣ ба шумор меояд.

Коршиносон мегӯянд, шояд ба ҳамин сабаб замин дар Тоҷикистон бо мушкилиҳои гуногун рӯбарӯст. Шӯразании замин,
Агар ҳоло ба ин масъалаҳо ҷиддӣ муносибат нашавад, сол ба сол вазъият боз ҳам бадтар хоҳад шуд...
баҳрабардории нодуруст аз заминҳои кишт ва обӣ, норасоии обкашҳо, буридани дарахтҳо аз доманакӯҳҳо, биёбоншавӣ ва фарсоиши замин аз масъалаҳое мебошанд, ки садҳо ҳектор заминро аз ҳосил боздоштаанд.

Ба қавли намояндагони созмонҳои зистмуҳитии Тоҷикистон, агар яке аз сабабҳои рух додани ин мушкилот тағйири ҷаҳонии иқлим бошад, сабаби дигар ва аз ҳама асосӣ, муносибати нодурусти инсон ба замин аст.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, дар натиҷаи тақсими нодурусти заминҳои обӣ тайи як даҳсолаи ахир беш аз 200 ҳазор ҳектор замини кишт ва ҳосилдеҳ аз баҳрабардорӣ берун мондааст.

Чунин муносибат ба замин Тоҷикистонро дар баробари анияти озуқаворӣ ба мушкил ру ба рӯ кардааст.

Қобили қайд аст, ки ҷиддияти ин мавзӯъ аз паёму шиори экологоҳо ва намоянадгони ниҳодҳои зистмуҳитӣ ба идораҳои додситонию додгоҳ кашида шудааст. Ҳоло даҳҳои парвандаҳои марбут ба истифодаи нодурусти замин дар ҳоли баррасист.

Доситони кулли Тоҷикистон, Шерхон Cалимзода, дар робита ба ҷиддӣ будани масъала дар як суҳбат бо хабарнигорон чунин гуфт: “Заминҳои обӣ аз тарафи баъзе афрод талаю тороҷ шуда, бо мақсадҳои дигар истифода мешаванд. Аз заминҳо самарнок истифода бурда намешавад, ин ба амнияти озуқа дар кишвар хатар дошта, паёмади ногувори дарозмуддат дорад.”

Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ дар гузориши ахири худ овардааст, ки бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мушкилоти зиёде домангири Тоҷикистон шуд, аз ҷумла дар бахши ҳифзу таҳкими зербино. Агар роҳу шабакаҳои обёрӣ бахши умдае аз зербино бошанд, замин зербинои аслии ҳамаи онҳост.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми солонаи худ аз вазъи пешомада изҳори нигаронӣ намуд ва таъкид кард,ки дар тамои вилоёту навоҳии кишвар ба ин масъала таваҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

«Имрӯзҳо қариб 80 ҳазор ҳектор замине, ки қаблан обёрӣ мешуд, бинобар адами истгоҳҳои обкашӣ аз истифода бозмонда, ба чарогоҳҳо табдил шуда, бекор хобидаанд.»


Аммо Татяна Алихонова, яке аз экологҳои Тоҷикистон мегӯяд, барномаҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи ҷилавгирӣ аз биёбоншавӣ ва деградатсия ё футури таркиби хок рӯи даст гирифтааст, муассир нестанд.

«Яке аз барномаҳои ҷиддии ҳукумати Тоҷикистон мубориза бо биёбоншавӣ ба шумор меояд, вале ниҳодҳои масъул ончуноне ки бояд бошад муроқибат намекунанд, тарҳҳое ки аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти зистмуҳитии Тоҷикистон ихтисос дода мешаванд, ҳамаҷониба иҷро намешаванд, хусусан барои ҳалли масъалаи биёбоншавӣ аз буҷаи ҳукумати Тоҷикистон амалан маблағ ҷудо карда намешавад. Агар ҳоло ба ин масъалаҳо ҷиддӣ муносибат нашавад, сол ба сол вазъият боз ҳам бадтар хоҳад шуд.»

Ба қавли зистшиносон фарҳанги муносибат ба замин дар Тоҷикистон аз тарафи аҳли ҷомеа низ ба ҳадде дар сатҳи поин қарор гирифтааст, ки танҳо талошҳои густарда ва сармоягузориҳои азми метавонанд, вазъро тағйир диҳанд.
XS
SM
MD
LG