Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олии Тоҷикистон: Натоиҷи 4 бозии даври севум


Рӯзи 21-уми апрел чаҳор бозии даври севуми мусобиқоти XX қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар тими мизбон - “Вахш” бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Дар ин бозӣ нахуст Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари мизбонон, дар дақиқаи 29-уми дидор ҳисобро боз кард. Ду голи меҳмононро Аъзам Ҳусейнов дар нимаи дуввуми дидор (дар дақиқаҳои 59-ум ва 69-ум) ба самар расонд.

Ин нахустин бозии “Вахш” дар мавсими имсола дар варзишгоҳи “Пахтакор” буд. Қабл аз шурӯи бозӣ Шарифхон Самиев, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, аъзои дастаҳо ва мухлисонро бо оғози мусобиқоти қаҳрамонии кишвар табрик гуфт. Сипас капитанҳои ҳарду даста - Рустам Усмонов (“Вахш”) ва Обидҷон Исмоилов (ССКА “Помир”) таҳти садои Суруди миллии Тоҷикистон Парчами давлатии ҷумҳуриро барафрохтанд.

Дар ҳамин ҳол ССКА “Помир” пас аз се ғалабаи паиҳам бо 9 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтаст. Вале тими “Вахш”, ки дар ду бозӣ шикаст хӯрдааст, имтиёз ба даст наовардааст.

Бозии дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Ҳарду гол дар нимаи аввали бозӣ зада шуд. Ҳисобро Мирзобек Мирзоев, ҳамлагари “Хайр”, дар дақиқаи 27-ум кушод. Голи ҷавобиро Зокир Абдулхайров, бозигари “Равшан, дар дақиқаи 35-ум аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд. ”Равшан” ва “Хайр” 7-имтиёзӣ доранд ва аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо кӯлобиҳо ҷои севум ва ваҳдатиҳо ҷои чаҳорумро касб кардаанд.

Ғайричашмдошт дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар варзишгоҳи “Металлург” аз тими “Гвардия”-и Душанбе бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Дар ин бозӣ Абдурасул Раҳмонов дар дақиқаи 15-ум голи аввалро вориди дарвозаи “Регар-ТадАЗ” кард. Абдуқаюм Қарабоев дар дақиқаи 51-ум ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро Исфандиёр Загуров, дар дақиқаи 61-ум зад. Ин ғалабаи нахустини “Гвардия” ва бохти дуввуми паиҳами “Регар-ТадАЗ” маҳсуб мешавад.

Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар майдони худ тими “Шодмон”-и Ҳисорро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохт ва аввалин пирӯзӣ ба даст овард. Дар ин қувваозмоӣ нахуст Рустам Хоҷаев, нимҳимоятгари “Шодмон”, дар дақиқаи 10-ум ҳисобро кушод. Легионер Евгений Таран, аз Укроин, голи ҷавобии “Хуҷанд”-ро дар дақиқаи 40-ум зад. Голи дуввуми мизбононро Шӯҳрат Умаров дар дақиқаи 54-ум ба нишон расонд. Дар ин бозӣ Анвар Норқулов, бозигари “Хуҷанд”, дар дақиқаи 35-ум аз ҷаримаи 11-метра истифода карда натавонист.

Дар бозии охирини даври севум, ки бегоҳи имрӯз, 22-юми апрел баргузор мешавад,“Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бо тими “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рақобат хоҳад кард.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин ду нафар – Аъзам Ҳусейнов (ССКА “Помир”) ва Саттор Фозилов (“Равшан”) бо сеголӣ дар мақоми аввал қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

ССКА «Помир»

3

3

0

0

8-2

9

2.

«Равшан»

3

2

1

0

7-2

7

3.

«Хайр»

3

2

1

0

5-1

7

4.

«Истиқлол»

2

2

0

0

6-0

6

5.

Регар-ТадАЗ”

3

1

0

2

5-7

3

6-7.

«Энергетик»

2

1

0

1

3-5

3

6-7.

8.

9.

«Хуҷанд»

Гвардия”

“Вахш”

3

2

2

1

1

0

0

0

0

2

1

2

3-5

2-5

2-4

3

3

0

10.

«Шодмон»

3

0

0

3

5-9

0

11.

«Парвоз»

2

0

0

2

0-6

0

XS
SM
MD
LG