Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қадами дигар то роҳхат ба Пекин


Се нафар муштзанҳои тоҷик – Шералӣ Достиев, Анвар Юнусов ва Ҷаҳон Қурбонов ба давраи ниманиҳоии нахустин мусобиқаи интихобии олимпии Осиёӣ, ки дар пойтахти Тайланд - шаҳри Бангкок ҷараён дорад, роҳ ёфтанд.

Нахуст Шералӣ Достиев дар рақобатҳо дар вазни то 48 кг бар намояндаи Сурия Аовдеҳ Амҷад аз рӯи имтиёз пирӯз гардида, ба нимфинал баромад. Муштзани дигари тоҷик Анвар Юнусов дар вазни то 51 кг бо фарқи бештари имтиёз Лувсансерен Зоригитбаатагро аз Муғулистон шикаст дод ва соҳиби роҳхат ба давраи ниманиҳоӣ гардид. Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кг Сунг Хак Сунгро аз Кореяи Ҷанубӣ дар раунди севвум ба нокаут фиристод ва барои дарёфти роҳхати олимпӣ як қадам пеш гузошт.

Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федеросиюни бокси Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, муштзанҳое, ки дар ин мусобиқаи интихобӣ ба финал мебароянд, соҳиби роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин мешаванд.

Бад-ин тартиб, дар сабқати ниманиҳоӣ рӯзи 1-уми феврал Шералӣ Достиев бо Бирҷон Зокиров, аз Қазоқистон, Анвар Юнусов бо Пак Ҷонг Чол, аз Кореяи Шимолӣ ва Ҷаҳон Қурбонов бо Чингиз Борбашев, аз Қирғизистон рақобат хоҳанд кард.

Вале дигар аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон - Эмомалӣ Маллаев дар вазни то 54 кг, Умед Мирзоалиев (64 кг), Ҷасур Қурбонов (75 кг), Шералӣ Маҳмадалиев (69 кг) ва Рустам Азизов (91 кг) аз идомаи мубориза барои роҳхатҳои олимпӣ маҳрум гардиданд. Ду нафари дигар - Арайк Айрапетян (57 кг) ва Маъруфҷон Файзуллоев (60 кг) ба иллати бад шудани саломатиашон ба мусобиқа роҳ дода нашуданд.

XS
SM
MD
LG