Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарсанҷии Радиои Озодӣ


Аз он ҷо ки дар поёни ҳар сол Радиои Озодӣ дар силсилаи гузоришу матолиби хеш муҳмтарин рӯйдод ва падидаҳои соли рафтаро дар заминаҳои мухталиф -- сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ёдоварӣ ва ҷамъбандӣ мекунад, ин бор низ таассуроти мардуми Тоҷикистонро дар риштабарномаҳои поёни сол бозтоб дод.

Ин матолиб дар барномаҳои радиоӣ садо дода, дар сомонаи интернетии он нашр шуданд. Бахше аз ин силсиларо назарсанҷие ташкил медод, ки дар маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон омода шудааст. Рӯзномаи "Ҷумҳурият" дар шуморааш аз 19 январи соли 2008 бо номи “Озодӣ” чӣ рисолате бар дӯш дорад?” матлаберо ба табъ расонда, дар он ҳамин назарсанҷиҳои Радиои Озодиро мавриди интиқод қарор додааст.

Дар ин назарсанҷӣ 300 нафар шаҳрвандон дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон пурсида шуданд ва хабарнигори Радиои Озодӣ ҳанӯз пеш аз пардохтан ба натоиҷи назарсанҷӣ акидан ва батакрор ба шунавандагон таъкид карда буд, ки “ин назарпурсии Радиои Озодӣ як назарсанҷии илмӣ нест ва танҳо мунъакискунандаи назароти онҳоест, ки мавриди пурсиши мо қарор гирифтанд.”

Ин нукта ба ҳангоми пахши гузориш дар бораи натоиҷи назарсанҷии мазбур батакрор ёд мешуд. Ин чунин маъно дорад, ки матлаби таҳиякардаи мо баёнгари назари ҳамин 300 нафари пурсидашуда аст, на бештар аз он. Ва агар мо 1000, 2000 ё масалан 5 000 нафарро мавриди пурсиш қарор медодем, имкон дошт, ки ба натиҷаҳои дигар мерасидем.

Радиои Озодӣ танҳо як расонаи хабарист ва рисолати аслиаш воқеъбинона, ботавозун ва бо муроҷиъат ба намояндагони ҳам давлат, ҳам мухолифин ва ҳам таҳлилгарони бетараф баррасӣ кардани масоил ва ба шунавандагон расондани ахбори дурусту саривақт аст.
XS
SM
MD
LG