Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи маъхази нигораҳои тилоӣ дар Бохтар


Маъхази кашфшуда ҳамзамони ин нигораи маъхази маъруфи Окс аст
Маъхази кашфшуда ҳамзамони ин нигораи маъхази маъруфи Окс аст

Дар Тоҷикистон бузургтарин хазинаи нигораҳои тило, ки ба арзиш дар нисбат ба хазинаи Омӯи Тахти Сангини Қубодиён мақоми дуввумро касб кардааст, кашф шуд.

Масъулини ҳафриёт мегӯянд, ин хазина беш аз 100 нигора дорад. Ашёи тилои он бо ъиёри ё «проба»-и 900 ва зарфҳои нуқра зери ъиёри 925 будааст. Абдувалӣ Шарипов, раиси осорхонаи миллии кишваршиносии ба номи Камолиддини Беҳзод ва як тан аз масъулини ин ҳафриёт, ба радиои Озодӣ гуфт, ганҷинаи мазбур ҳини бунёди манзили зисти Файзов Остонакул - як сокини ноҳияи Бохтари устони Хатлон ёфт шудааст.

Маъхази бузурги тило, ки то ҳанӯз бар асари идомаи бозомӯзии ашё теъдоди дақиқи он рӯшан нест, ба иттилоъи бостоншинос Музаффар Азизӣ, раиси раёсати ҳифзи ёдгориҳои меъморӣ ва фарҳангии ҶТ ва яке аз дигар масъули ҳафриёти ахир, ба арзиш дар нисбат ба Хазинаи Омӯи Тахти Сангин дар мақоми дуввум меистад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки хазинаи Тахти Сангин, маъруфтар ба дафинаи Омӯ дар осорхонаи миллии Лондони Бритониё маҳфуз аст, вале дафинаи Бохтар, муталлиқ ба замони байнидаврии Ҳахоманишиёну Кушониён, ҳамакнун ба осорхонаи миллии Камолидиин Беҳзод интиқол дода шудааст.

Абдувалӣ Шарипов, раиси осорхонаи миллӣ, гуфт, ин бозёфте, ки дастраси мо шудааст, гаронарзиш аст. Зеро баъди Хазинаи Омударё барои дуввум бор аст, ки аз хоки Тоҷикистон ҳамингуна як хазина дар шакли комил дарёфт шудааст. Албатта ҳанӯз бо қатъият наметавон гуфт феҳристи ин ганҷ то куҷост, вале ба таври умумӣ гӯем, дар ин хазина бештар аз 100 нигора аст.

Вай афзуд, нигораҳои тилоӣ дар ин ганҷ аслан аз варқаҳои тилоӣ иборатанд ва инчунин ҷузъиёти ороишӣ низ ҳастанд, ба мисли зинапояҳои секунҷае, ки ба ҳамин монанд ороишотро бостоншиноси шинохта Сарианиди аз Тилотеппаи Афғонистон кашф карда буд. Аммо бозёфтҳои Бохтар боз ҳама бартарӣ аз ганҷи Тилотеппа доранд. Зеро мо ташхис карда муайян кардем, ки ъиёр ё пробаи ороишоти тилогуна 900 ва ъиёри зарфҳои нуқрагин 925 аст.

Ганҷинаи мазкур таърихи аҷибе ҳам дорад. Оқои Файзов, ки маъхазро дарёфтааст, онро ба мақомот пешкаш кардааст. Дар ин ин миён масъулини мақомоти умури дохила бо иттиҳоми бофташуда, ки соҳиб шояд на ҳама ганҷро додааст, ахириро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Қазияи нафаре, ки ба иттилоъи бостонишносон дар ин маврид «қаҳрамонӣ кардааст ва ганҷи нодир ва гаронарзишро ба ҳукумат додааст», то 3 моҳи дигар, то замоне тӯл кашидааст, ки бостоншиносон сабт кардаанд, ки ашёи пешниҳодшуда ганҷи комиланд.

Коршиносон мегӯянд, бо ҳамин иллат, ки мақомот бар ҳар як зуҳуроти ватанпарварӣ ё патриотии тоҷикон бо шубҳа менигарад, дар аксари маврид мардум ҳини бозёфти ганҷу маъохиз онро ба мақомот намедиҳанд ва ин ганҷхонаҳо ба таври қочоқӣ кишварро тарк мекунанд.

XS
SM
MD
LG