Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадрӣ ба корзори интихоботӣ баргашт


Тағйироти аслие, ки дар корзори интихоботии Гурҷистон пеш омадааст, изҳороти ахири яке аз номзадҳои аслии мухолифон Бадрӣ Патаркатсишвилӣ аст.

Оқои Патаркатсишвилӣ, ки ҳоло дар Лондон ба сар мебарад, ва аз сарватмандтарин шаҳрвандони Гурҷистон дониста мешавад, субҳи рузи савуми январ изҳор дошт, ки вай номзадии худро он гуна, ки ҳафтае пеш изҳор дошта буд, фаро нахоҳад хонд ва муборизаро барои курсии раёсати ҷумҳурӣ идома медиҳад. Вай гуфтааст, якуним миллиард доллар кумаке, ки аз ҳисоби худ ба мардуми Гурҷистон ваъда додааст, ҳамчунон ба эътибори худ боқист. Дар чунин ҳолат суоли матраҳ ин аст, ки то чӣ андоза чунин мавзеъгирии Патаркатсишвилӣ ба ҷараёни интихобот асар мегузорад?

Александ Ронделӣ - раиси Бунёди стротежӣ ва равобити байналмилалии Гурҷистон дар Тифлис мегуяд, изҳороти Бадрӣ Патаркатсишвилӣ дар тақсими раъйҳо миёни номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурӣ тағйироти камтаре хоҳад дошт. Оқои Ронделӣ мегуяд, Патаркатсишвилӣ метавонад раъйи қишрҳои камбизоати мардумро бихарад, зеро онҳо ба пул ниёз доранд. Вале он ба натиҷаҳои ниҳоии интихобот асари ҷиддӣ нахоҳад гузошт.

Оқои Рондели бар ин назар аст, ки дар миёни номзадҳои мухолиф ба Саакашвилӣ ваҳдати назар дида намешавад ва ҳар як аз онҳо дар ин интихобот барои худ талош мекунанд. Ба ин далел, номзадҳои мухолифин дар як ҷабҳаи воҳид бар зидди номзади аслӣ, яъне Михаил Саакашвилӣ наметавонанд мубориза кунанд. Аксари таҳлилгарони умури Гурҷистон мегуянд, барои пирузӣ дар интихобот Михаил Саакашвилӣ имконоти бештар дорад. Оқои Ронделӣ низ ин аз ақида ҷонибдорӣ мекунад:

"Шонсҳои оқои Саакашвилӣ як каме бештар аст. Барои он, ки оппозисиюн мегуяд, онҳо Гурҷистони бидуни Саакашвилиро мехоҳанд. Аммо Саакашвилӣ мегуяд, мо Гурҷистони бидуни гуруснагиву қаҳтиро мехоҳем".

Аз оқои Ронделӣ мепурсам, агар ҳеҷ як аз номзадҳо барои пирузӣ натавонанд дар даври аввал 50 дарсади раъйҳоро ба даст оранд, ба ҷуз аз Саакашвилӣ кадоме аз номзадҳо ба даври дуввум роҳ меёбад? Вай чунин посух медиҳад:

"Шояд оқои Гечечиладзе роҳ ёбад, барои он ки оппозисиюн аз вай бештар ҳимоят мекунад".

Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Гурҷистон ҳафт номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ барои курсӣ мубориза мекунанд.

Михаил Саакашвилии 40 сола дар факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Киеви Укроин таҳсил кардааст ва дар авоили солҳои навадум дар Донишгоҳи Коламбияи Амрико соҳиби унвони илмӣ шудааст. Соли 1995 намояндаи порлумон ва соли 2004 раисҷумҳур интихоб шудааст.

Леван Гечачиладзеи 43 сола, соҳибкор ва тавлидкунандаи шароб ё виност. Дар Тифлис ва сипас дар Белжик таҳсил кардааст. Аз номзадии вай эътилофи 9 ҳизби мухолиф ҷонибдорӣ мекунад.

Давид Гамкрелидзе низ 43 сол дорад. Соҳибкор аст ва ба мухолифон майл дорад.

Шавла Нателашвилӣ 49 сола ва раиси Ҳизби коргар аст. Солҳои ҳаштодум додситони шаҳри Тифлис буд. Дар ду интихоботи соли 1999 ва 2003 ҳизбаш натавонист барои узвият дар порлумон раъйи кофӣ орад.

Георгий Майсашвилӣ 45 сола ва раиси Ҳизби оянда. Сиёсатмадори ҷадид аст ва дар Гурҷистону Амрико таҳсил кардааст.

Ирина Саришвилӣ 45 сол дорад ва раиси ҷунбиши сиёсии Имеди аст.

Ва Бадрӣ Патаркатсишвилӣ 52 сола ва ғули матбуотист. Вай бо Борис Березовский норозии сиёсии Руссия дустӣ дорад.

Бино ба маълумоти Кумиссиюни марказии интихобот, бар ҷараёни раъйдиҳӣ дар ин интихобот тақрибан ҳазор нозир назорат мекунанд. Аксари онҳо, яъне 400 нафар аз САҲА мебошанд. Аҳолии Гурҷистон чаҳоруним миллион нафар аст ва аз он 3 миллиону 400 ҳазор нафар дорои ҳақи раъй ҳастанд.

XS
SM
MD
LG