Пайвандҳои дастрасӣ

Фаррух Амонатов байни беҳтаринҳо ҳаштум шуд


Шатранҷбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов байни ҳашт нафар беҳтарин шатранҷбози Русия ҷойгир шуд.

Бузургустоди тоҷик дар марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Русия байни мардон, ки бо ширкати 12 нафар беҳтарин шатранҷбоз дар шаҳри Маскав доир гардид, 5 имтиёз ба даст овард. Вай дар ду бозӣ бар Артём Тимофеев, аз шаҳри Қазон ва Алексей Дреев, аз Маскав ғолиб омада, шаш бозиро мусовӣ анҷом дод ва дар се дидор мағлуб шуд. Бозии Фаррух Амонатов бо ғолиби ин мусобиқот Александр Морозевич (Маскав), ки бо касби 8 имтиёз ба унвони қаҳрамони шоҳмоти Русия даст ёфт, мусовӣ ба анҷом расид.

Александр Гришук (Маскав) бо 7 имтиёз ҷои дуввум ва Евгений Томашевский (Саратов) бо 6,5 имтиёз ҷои севвумро гирифтанд.

Шатранҷбози тоҷик дар ин мусобиқот ҳамроҳи боз 6 шатранҷбози пештози Русия аз шаҳри Маскав намояндагӣ кард.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG