Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоб шудани ҷойгузинҳои Беназир Бҳутто


Аз чап ба рост: Билавал ва падараш.

Билавал, писари 19-солаи Беназир Бҳутто ва Осиф Зардарӣ - шавҳари хонум Бҳутто ҳамраисони Ҳизби мардумии Покистон интихоб шуданд.

Билавал Бҳутто Зардарӣ, писари 19 солаи Беназир Бҳутто раиси Ҳизби мардумии Покистон таъин гардид. Осиф Али Зардарӣ - шавҳари хонум Бҳутто дар мақоми ҳамраиси ҳизб пазируфта шуд.

Мавзӯъи интихоби раҳбарони нави ҳизб баъд аз ҳалокати сарвари пешини он хонум Беназир Бҳууто дар нишасти раёсати Ҳизби мардумии Покистон дар манзили хонум Бҳутто дар шаҳри Навдеро доир гардид. Дар бораи тасмими ҳизб оид ба ширкаташ дар интихоботи порлумонии моҳи январ ҳанӯз иттилоъ нарасидааст. Ёдовар мешавем, ҳизби дигар аз сарвазири пешини Покистон Навоз Шариф баъди куштори хонум Беназир Бҳутто дар бораи таҳрими интихобот тасмим гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол намояндагони Лигаи мусулмонҳои Покистон – ҳизби пуштибон аз раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф имкони то се моҳи дигар ба таъхир уфтодани интихоботро баъйид намедонанд.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG