Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадрдонӣ аз варзишгарону мураббиёни соли кишвар


Рӯзи шанбеи 29-уми декабр раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин варзишгарону мураббиёни солро ба ҳузури худ пазируфта, ба онҳо мукофотҳои пулӣ супурд.

Ба иттилоъи Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон, раисиҷумҳур аз натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар соли 2007 изҳори қаноатмандӣ намуда, ба онҳо дар соли нави 2008, ки ҳамчунин соли Бозиҳои олимпӣ дар Пекин маҳсуб мешавад, пирӯзиҳо орзу кард.
Ҷаноби Раҳмон ба ҳар кадоми варзишгарони беҳтарини сол – Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии дзюдо, Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод, ва Дилшод Назаров, барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи гурзандозӣ, ки соҳиби роҳхатҳо ба Олимпиада-2008 гардидаанд, – 10 ҳазор сомонӣ тақдим намуд.
Қаҳрамонону ҷоизадорони мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байнулмилалӣ Далер Сайфиддинов, Далер Тӯраев, Масрур Сатторов, Шаҳло Муҳаммадраҳимова оид ба таэквон-дои ITF ва мураббиашон Мирсаид Яҳёев, инчунин Илҳом Маллаев (кикбоксинг), Анвар Юнусов (бокс), Шералӣ Бозоров ва Неъматулло Асронқулов (дзюдо), Мурод Тӯйчиев (гуштии юнониву румӣ), Акмал Қодиров (армрестлинг), Темур Беков (каратэ-до), аъзои дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ва сармураббии ин даста Пӯлод Қодиров бо мукофоти пулӣ ба маблағи аз 3, 5 то 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов аз номи варзишгарону мураббиён ва кормандони соҳа ба раисиҷумҳур ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати қадронии дастовардҳои варзишгарони тоҷик изҳори сипос намуд.


Дар ҳамин ҳол...

Абубакри Азизхоҷа
, раиси ширкати «Дурнамо», дар як нишасти солинавӣ бо ҳузури раҳбарони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар ва хабарнигорони соҳаи варзиш изҳор намуд, ки барои қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 аз Тоҷикистон ба маблағи 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофот таъсис додааст.
Лозим ба тазаккур аст, барои ҳавасмандкунии варзишгарони Тоҷикистон, ки шарафи кишварро дар Олимпиадаи Пекин ҳимоя хоҳанд кард, ин нахустин иқдом мебошад.
Вале ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз на аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва на аз ҷониби сарпарасти кулли тими мунтахаби олимпии кишвар – Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Таком» ё ширкати мобилии «Билайн» маблағи ҷавоиз ба барандагони Бозиҳои Олимпии соли 2008 аз Тоҷикистон эълом нашудааст.
XS
SM
MD
LG