Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли илму фан


Салом хонандаи арҷманд. Тоҳири Сафар ҳастам ва дар охирин маҷаллаи илм ва фанноварии Радиои Озодӣ дар соли 2007 ҳамроҳи шумо. Ҳарчанд аз замони шурӯъи ин барнома як соли пурра ҳам сипарӣ нашудааст, аммо дар ин замон саъй кардем, то доир ба кашфиёти ангуштшумори олимони тоҷик ва рушди фанновариҳои навин дар Тоҷикистон дар ин барнома маълумот дода бошем.

Дар барномаи имрӯз ба муҳимтарин мавзӯъҳои илмӣ ва кашфиёту навоварӣ дар арсаи фанноварӣ дар Тоҷикистон нигоҳе меандозем, ки олимони тоҷик чӣ дастоварде доштанд, ва аз фанновариҳои навин боз ба Тоҷикистон чӣ роҳ ёфт. Ва ҳамзамон хоҳем дид, ки соли оянда Тоҷикистон дар роҳи рушди илму фанновариҳо боз чӣ кор хоҳад кард.

Дастовардҳои фанниву илмии Тоҷикистон дар соли 2007

Тавре гуфтем, маҷаллаи илм ва фанноварӣ ҳанӯз як сола нашудааст ва мусаллам аст, ки мо натавонистем тамоми он дастовардҳои илмиеро, ки олимону пажӯҳишгоҳҳои Тоҷикистон доштанд, муаррифӣ ва ё дар барномаҳои худ инъикос кунем. Ба ҳамин хотир аз раиси шӯъбаи созмондеҳии илми раёсати Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Пирмуҳаммад Нуров суол кардам, ки чӣ олимону пажӯҳишгоҳҳои ин кишвар дар соли 2007 кадом дастовардҳои муҳим доштанд. Ва ӯ баъзе аз кашфиёту кори арзишманди пажӯҳишгоҳҳои Тоҷикистонро баршумурд.

Иқдомоте дар роҳи рушди илм дар Тоҷикистон дар соли оянда

Ва аммо дар Тоҷикистон дар соли оянда дар робита ба рушди илм чӣ корҳое анҷом хоҳад гирифт. Интизор меравад, ки соли оянда дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои мудирони маркази байналмилалии илмӣ ва техникии баргузор шавад, ки дар он намояндагони 40 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд варзид. Ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон барои хабарнигороне, ки масоили илмро бештар инъикос хоҳанд кард, ҷоиза ҳам тақдим мекунад.

Фанновариҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон

Аммо дар соҳаи фанновариҳои иттилоотӣ, ки ҷаҳони имрӯзро бе он тасаввур кардан номумкин аст, Тоҷикистон дар соли 2007 чӣ дастовардҳое дошт. Дар ин бора бо Асомуддин Атоев - раҳбари Созмони ғайриҳукуматии ибтикори шаҳрвандии рушди интернет сӯҳбате доштам ва нахуст дар ин бора назари ӯро пурсидам, ки дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ба назари ӯ кадом рӯйдод аз ҳама муҳим буд. Сӯҳбати ҷаноби Атоев низ дар барнома ҷой дода шудааст.

Забони тоҷикӣ дар фанновариҳои замонавӣ

Навоварии дигаре дар робита ба фанновариҳои иттилоъотӣ дар Тоҷикистон ки соли 2007 шоҳиди он будем, боз ҳам ворид кардани забони тоҷикӣ ба технологияҳоест, ки як даҳсола боз дар онҳо забони тоҷикӣ вуҷуд надошт. Масалан, дар соли 2007 агарчӣ дар Тоҷикистон теъдоди истифодабарандагони телефонҳои ҳамроҳӣ ва ё мобайл аз миллион нафар ҳам гузашт, аммо телефонҳое ки онҳо истифода мекарданд, забони тоҷикиро дар худ надошт. Соли 2007 ширкати Нокиа нахустин телефони ҳамроҳеро тавлид кард, ки забони тоҷикӣ дар худ дошт. Ширкати Арзонмобайл, ки ҳамкори Нокиа дар Тоҷикистон аст, дар тоҷикӣ кардани телефони ҳамроҳ нақш дорад ва мудири ин ширкат Далер Амонов роҷеъ ба телефони тоҷикии Нокиа сӯҳбат мекунад.

Аммо бо вуҷуди тоҷикӣ шудани нармафзору забони баъзе аз фанновариҳои навин, ворид кардани забони тоҷикӣ ба ин фанновариҳо ҳанӯз ҳам як мушкили бисёр умда аст. Ва барои ислоҳи он соли ояндаи 2008 чӣ коре анҷом хоҳад гирифт. Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Кумитаи ТВ ва радиои ин кишвар 28 то 29 май конфронси байналмилалиеро таҳти унвони “Забони тоҷикӣ ва форсӣ ва фанновариҳои иттилоъотӣ” баргузор мекунанд. Захираҳои интернетӣ бо забони тоҷикӣ, сомонаҳо бо ин забон, фарҳангу китобхонаҳҳои электронӣ, маҳаллисозии нармафзорҳо дар он баррасӣ мешавад. Толиби Розӣ, раиси кумитаи истилоҳоти фарҳангистони улуми Тоҷикистон роҷеъ ба дигар ҷанбаҳои ин ҳамоиш ба Озодӣ нақл кард.


Гармоиши иқлим. Нигоҳ аз Тоҷикистон

Як масъалаи илмӣ ва ҳам зистмуҳитӣ, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон имсол роҷеъ ба он бештар сӯҳбат шуд, мушкили гармоиши курраи Замин буд, ки ҳоло гиребонгири инсоният аст. Албатта ин мушкилро инсон бо дастони худаш офаридааст ва бояд худаш дар андешаи он бошад. Табиатшиносони Созмони Милал имсол бо нашри чандин гузориши илмӣ доир ба тағйири иқлим гуфтанд, ки агар болоравии ҳарорат бо ҳамин суръат идома кунад, инсоният ба қавле дар рӯи Замин хоҳад пухт.

Пажӯҳиши аҷибтарини илмии Тоҷикистон

Раҷаббой Улмасов - як номзади илми тибби Тоҷикистон дар як пажӯҳиш дарёфтааст, ки аз соли 2000 то соли 2005 табибону парасторони бемористонҳои Тоҷикистон тақрибан 54 дар сад бештар бемор шудаанд. Ва аксари табибону парасторон аз бемориҳои роҳҳои нафас, роҳҳои шошагузар ва бемориҳои марбут ба фишори хун шикоят мекардаанд.



Бо умеди бемор нашудани табибону ҳар яки шумо охирин маҷаллаи илм ва фанноварӣ дар соли 2007 поён мебарем. Ман Тоҳири Сафар ҳастам ва ин Радиои Озодист.

Вобаста

XS
SM
MD
LG