Нуъмонҷон Ҳакимов, футболбози дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, ва тими миллии кишвар беҳтарин футболбози сол эътироф гардид.
Алишер Тӯйчиев («Парвоз») беҳтарин дарвозабон, Наим Носиров («Регар» ТадАЗ-и Турсунзода) беҳтарин ҳимоятгар, Хуршед Маҳмудов («Регар» ТадАЗ) беҳтарин нимҳимоятгар ва Комил Саидов («ХИМА»-и Душанбе) беҳтарин ҳамлагар дониста шуданд.
Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва тими «Вахш»-и Қурғонтеппа, барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии кишвар, беҳтарин мураббии сол эълом шуд.
Дар байни доварон Ориф Ҷӯраев мақоми аввалро касб кард.