Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҳамлаҳои Туркия ба шимоли Ироқ


Ҳавопаймоҳои Туркия ду рӯз боз аст, ки ба мавзеъҳои ҷудоихоҳони курд дар шимоли Ироқ ҳамла мекунанд. Доир ба талафот дар ин ҳамлаҳо то кунун гузорише нарасидааст. Артиши Туркия бо нашри як баёния дар сомонаи интернетии худ хабар додааст, ки сарбозони ин кишвар рӯзи сешанбе 25 декабр дар шаҳри Симак воқеъ дар ҷанубушарқи Туркия бо ҷудоихоҳони курд вориди даргирӣ шуданд. Бар асоси ин баёния, панҷ ҷудоихоҳи курд, аз ҷумла ду зани мусаллаҳ кушта шудаанд. Артиши Туркия мегӯяд, дар амалиётҳои чанд рӯзи гузашта садҳо нафар аз ҷудоихоҳони Ҳизби Коргарии Курдистон ба ҳалокат расонидааст.
XS
SM
MD
LG