Ҳакимҷон Исоев 44 сол дорад ва дар охири солҳои 80-ум Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъди пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ якчанд сол дар Русия кору фаъолият намудааст. Тайи солҳои ахир ба соҳибкорӣ машғул будааст.
Оқои Исоев ба радиои Озодӣ гуфт, маркази нави саломатиро бо назардошти мушкилоти тиббии мардум ҳамчун хайрия сохтааст. Вай афзуд, дар бештари вақт ба иллати дурии роҳ то марказҳои беҳдоштии ноҳия сокинони рустоҳои ин ҷамоъат дар гирифтани ёрии таъҷилии тиббӣ мушкилиҳо даштанд. Ҳаким Исоев ҳамчунин гуфт, дар назар аст, ки дар ин маркази саломатӣ ҳашт нафар корманди тибб дар бахшҳои тибби оилавӣ, кудакпизишкиву духтури дандон ва ҳамчунин эмкунии кудакон, фаъолият хоҳанд кард. Гуфта мешавад, хароҷоти минбаъдаи молӣ ва моҳонаи кормандони маркази саломатӣ аз буҷаи ҳукумати маҳаллӣ таъмин карда хоҳад шуд.
Сокинони маҳаллӣ сохта шудани маркази саломатиро хеле бо хушнудӣ қабул кардаанд ва иброз доштаанд, ки ин марказ аз бисёр ҷиҳат мушкилоти беҳдоштии онҳоро осон хоҳад кард. Аз минтақае, ки маркази нави саломатӣ бунёд шудааст, роҳи рафтуомад то маркази ноҳияи Рашт 30 километрро ташкил медодааст, ки дар фасли сармо барои саривақтӣ расидан ба беморхонаҳои марказӣ масъала эҷод мекардааст.
Дар ҳоле, ки тайи солҳои ахир дар водии Рашт соҳибкорону тоҷирони маҳаллӣ дар бунёди як қатор марокизи тиҷоратӣ ва фурушгоҳҳои маводи сухт саҳм гузоштаанд, аммо ин нахустин бор аст, ки як нафар соҳибкор барои бунёди як маркази саломатӣ иқдом кардааст.