Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии паҳлавони тоҷик


Паҳлавони тоҷик Дилшод Азизов барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбои ҷангӣ гардид.

Ин мусобиқот дар шаҳри Маскав баргузор шуд. Гуштигири тоҷик дар вазни 68 кг хуб ҳунарнамоӣ карда, ҷои севумро касб кард. Дар ин вазн Рустам Ҳабилов (Русия) ҷои аввал ва Карен Григорян (Арманистон) ҷои дувумро сазовор шуданд.
Дар ҳисоби дастаӣ тими мизбон – Русия бо касби 4 медали тило ва 2 нишони нуқра ҷои аввалро соҳиб шуд. Тими Укроин, ки 2 медали тило, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст овард, ҷои дувумро гирифт. Дастаи Қазоқистон бо 2 медали нуқра ва 2 нишони биринҷӣ дар радифи севум ҷо гирифт.
Тими Арманистон бо 1 медали нуқра ҷои чаҳорумро азони худ кард. Дастаҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон, ки ҳар кадом соҳиби 1 медали биринҷӣ гардиданд, дар ҷои панҷум қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG