Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтарин варзишгарони сол


Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон беҳтарин варзишгарон, мураббиён, доварон ва дастаи кишварро дар соли 2007 муайян кард.

Ба иттилоъи раиси ин Анҷуман, Нарзуллоҳи Латиф, дар назархоҳӣ 71 нафар хабарнигорон ва мутахассисони соҳа ширкат варзида, дар пурсишнома 25 варзишгарро, ки намояндаи 15 риштаи варзишанд, номбар карданд.

Мувофиқи натоиҷи назархоҳӣ ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарин намояндагони нӯҳ риштаи варзиш – қаҳрамонону ҷоизадорони мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байнулмилалӣ дохил шуданд, ки инҳоянд: Расул Боқиев – барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии дзюдо ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Пекин, Юсуф Абдусаломов – барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Пекин, Дилшод Назаров – барандаи медали нуқраи мусобиқоти қахрамонии Осиё дар риштаи гурзандозӣ ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Пекин, Анвар Юнусов – барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба бокс, Далер Сайфиддинов – қаҳрамони ҷаҳон дар навъи таэквон-до ITF, Шаҳло Муҳаммадраҳимова – қаҳрамони ҷаҳон оид ба таэквон-до ITF, Самад Шоҳзуҳуров – капитани дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (то 17-солаҳо), Набимуҳаммад Хоркашев – барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии самбо байни ҷавонон, Акмал Қодиров – қаҳрамони Осиё оид ба армспорт ё дстхобонӣ байни варзишгарони маъюб, Темур Беков – барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ-до.

Беҳтарин мураббиёни сол инҳо эълом шуданд: Мирсаид Яҳёев (таэквон-до ITF), Худойназар Боқиев (гуштии дзюдо), Салоҳиддин Ғафуров (футбол), Мирзо Шамсиев (бокс), Давлат Раҳимов (гуштии самбо).

Доварони дараҷаи байнулмилалӣ Маҳмуди Абдулло (гуштии самбо) ва Абдурашид Мамадҷонов (бокс) беҳтарин доварони сол эътироф гардиданд.

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (то 17-солаҳо) беҳтарин даста дар соли 2007 дониста шуд.

XS
SM
MD
LG