Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон


Бистуми декабри соли 2007, аксари мардуми Тоҷикистон, ки мусулмонанд, аз муҳимтарин иди мазҳабии худ – Иди Қурбон таҷлил карданд.

Мусулмонони кишвар ба ин ид аз чанд рӯз қабл омодагӣ гирифта буданд. Аз субҳи барвақт соҳибхонаҳо дар посухи «Иди Қурбон муборак!» ё «Иди нав муборак!» гуфтани кӯдакони ба «идгардак» баромада дарҳои хонаҳояшонро боз карда, бо чеҳраи кушод «Худо муборак!» мегӯянд ва ба эшон ба рамзи хушнудӣ ҳар гуна шириниҳо эҳдо мекунанд. Ва кӯдакон шоду масрур мераванд аз ин дар ба дари хонаи дигар, то аҳли ин хонаводаҳоро низ бо ин ид табрик кунанд…
Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, гӯсфанд қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигари давру бари худ либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак намуданд.
Соати 9-и субҳ дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Имом Тирмизӣ намозгузории идона баргузор гардид, ки дар он беш аз ҳазор нафар сокинони пойтахти кишвар ва меҳмонони мусалмони он ширкат намуданд.
Дар гӯшаи «Нигористон» (паҳлуи рости ин матлаб аз боло) намоҳоеро, ки хабарнигорони мо имрӯз дар шаҳри Душанбе аксбардорӣ кардаанд, ба маърази намоиш гузошта шудаанд, ва шумо метавонед бо руҷӯъ ба он ин аксҳоро тамошо бикунед.
XS
SM
MD
LG