Пайвандҳои дастрасӣ

Чеҳраҳои ранҷуру заҳматкашидаи муҳоҷирини кории тоҷик, шароити носозгори зисти онҳо, наздикони чашмбароҳ дар Тоҷикистон...

Ин ҳама дар аксҳои намоишгоҳи «Тоҷикистон: ҷаҳони муҳоҷири меҳнатӣ» тасвир шудааст, ки имрӯз, 18 декабр, дар осорхонаи миллии Камоллиддин Беҳзоди Душанбе бо пӯштибонии молии ҳукумати Норвей, хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ифтитоҳ шуд.

Намояндагии Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт, ҳадафи аслӣ аз ин намоишгоҳ афзоиши таваҷҷӯҳи ҷомеъа ба мушкилоти муҳоҷирини корӣ дар Тоҷикистон мебошад. Дар ин намоишгоҳ бештар аз 50 асари аккосии беҳтарин ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ки аз ҳаёти муҳоҷирин ва заҳмату мушкилоти онҳо ва хонаводаҳои онҳо сӯҳбат мекунад.

Дар ҳамин ҳол Гулмаҳмад Нуров, муъовини раиси осорхонаи миллии Камоллиддин Беҳзод, иброз дошт, барои бори аввал аст, ки инчунин намоишгоҳ дар робита ба муҳоҷирини меҳнатӣ дар осорхонаи Камолиддини Беҳзод баргузор мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд асарҳои ин намоишгоҳ тағйири кору зиндагии муҳоҷирини меҳнати тоҷик ба гунаи мусбатро то ҳадде тасвир мекунад, аммо дар маҷмӯъ мушкилот бештарини онҳо боқист. Оқои Нуров бар ин назар аст, ки мушкилоти аслии муҳоҷирин дар паси пардаи аккосиҳои ин намоишгоҳ мондаанд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти мухталиф, ҳамасола аз 200 ҳазор то 1 миллиону 500 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон хориҷ аз кишвар муҳоҷири меҳнатӣ мешаванд. Созмонҳои байнулмилалии масоили муҳоҷират ва ҳуқуқи башар гузориш медиҳанд, ки бо заҳмати ин муҳоҷирин тақрибан дар сатҳи буҷаи солонаи Тоҷикистон, яъне наздики 1 миллирад доллар, аз хориҷ ба кишвар ворид мешавад.

Ва ҳамзамон ин созмонҳо маълумот медиҳанд, ки тӯли як сол ҳудуи 800 нафар муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар хориҷи кишвар фавтида ва ё кушта мешавад. Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон теъдоди муҳоҷирини меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва шумораи фавтида ва ё кушташудагони ин гӯруҳ шаҳрвандони кишварро ба маротиб камтар муъаррифӣ мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG