Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Парвоз» - барандаи Ҷоми ФФТ


Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров барандаи Ҷоми федеросиюни футболи Тоҷикистон гардид.

Тими «Парвоз» дар бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бар дастаи «ХИМА»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 1 пирӯз шуд. Тими ғолиб – «Парвоз» соҳиби 5 ҳазор доллар гардид. Ба дастаи «ХИМА» 3 ҳазор доллар супурда шуд.

Барои дарёфти ҷоизаи севвум – 2 ҳазор доллар дастаҳои «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар варзишгоҳи CSKA-и Душанбе талош карданд. Ин бозӣ бо ғалабаи қаҳрамони футболи Тоҷикистон – «Регар» ТадАЗ - бо натиҷаи 3 бар 0 хотима ёфт.

XS
SM
MD
LG