Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон – 137-ум


Федеросиюни байнулмилалии футбол – FIFA рӯзи 17 декабр рейтинги нави тимҳои миллии кишварҳои ҷаҳонро нашр кард.

Тоҷикистон дар ин феҳрист 2 зина поинтар шуд ва миёни 207 дастаи мунтахаби ҷаҳон ба ҷои 137-ум фуромад. Тоҷикистон алҳол миёни дастаҳои мунтахаби қорраи Осиё дар мақоми 22-вум ва байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (64-ум), Қазоқистон (112-ум) ва Туркманистон (127-ум) ҷойгир шуда, танҳо аз Қирғизистон (139-ум) пеш аст.

Зимнан, миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ низ Тоҷикистон пеш аз Қирғизистон, ки охирин аст, қарор дорад. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал буда, дар феҳристи нави FIFA 1 зина поинтар – ба ҷойи 23-вум фуромад. Укроин низ 1 зина поин шуд ва дар зинаи 30-вум ҷойгир шудааст.

Беҳтарин тими миллии қораи Осиё - Ҷопон 1 зина поинтар фуромад ва феълан дар ҷои 34-ум мебошад. Тими миллии Эрон, ки алҳол дар Осиё дуввум аст, 1 зина поинтар - ба ҷои 41-ум фуромад. Куриёи Ҷанубӣ - севвумин дастаи Осиё – мавқеъашро дар зинаи 42-вум нигаҳ доштааст.

Аргентина дар садри феҳристи нави FIFA ҷой гирифтааст. Бразил мисли пешин дар ҷои дуввум аст. Итолиё, қаҳрамони феълии ҷаҳон, дар ҷойи севвум мебошад. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, ҳамчунин, Испониё, Олмон, Ҷумҳурии Чех, Фаронса, Португол, Ҳолланд ва Хорватия ҷойгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG