Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони эколожӣ дар Тоҷикистон


Беш аз 2000 хонаводаи навоҳии кӯҳистони Тоҷикистон дар соли равон бар асари хатари офатҳои эколожӣ маҷбур шуданд ба водиҳо куч банданд.

Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон бо таъйид ин хабар гуфт, аксари муҳоҷирини эколожӣ сокинони вилояти Бадахшон ва кӯҳистони вилояти Хатлон будаанд, ки аз хатари табиӣ ба водиҳои бехавф муҳоҷир карда шудаанд. Ба итилоъи ин манбаъ, қисмати бештари муҳоҷирини эколожӣ аз навоҳии Кулобу Шуроби вилояти Хатлон ба ноҳияҳои назди сарҳадии Турсунзода, Бешкент ва Вахш кучонида шудаанд. Теъдоди оилаҳои аз Хатлон муҳоҷири эколожӣ шуда аз 1000 ҳам бештар будааст.

Нуралӣ Назаров, муъовини раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, гуфт, ҳукумати Тоҷикистон тибқи як барномаи худ барои ҳар як оилаи муҳоҷири эколожӣ 10 сотихӣ замин ва барои бунёди манзил ба маблағи 1500 сомонӣ қарз медиҳад ва феълан ҳукумат вазоратҳои марбутаро барои кумаки муҳоҷирини эколожӣ муваззаф кардааст. Вай афзуд, «ба ҳамаи вазоратҳо супориш дода шудааст, ки бояд муҳоҷиронро аз барқу газу обу дигар чизҳо таъмин кунанд. Масалан, Оҷонсии меъморӣ ва сохмон мувазаф шудааст, ки бояд ҳамаи лоиҳаҳои хонаҳоро кашида, ба муҳоҷирон пешниҳод кунанд. Бисёрии онҳо аллакай хонаҳои худро сохтаанд ва кӯчида омада истодаанд». Оқои Назаров гуфт, феълан хавфи офатҳои эколожӣ ба 17 навоҳии кӯҳистони Тоҷикистон таҳдид мекунад. Минтақаҳои Рашт, Шуробод, Ховалаинг, Кулоб, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ аз ноҳияҳои хавфноки эколожӣ ба шумор мераванд.

А. Раҷабов, корманди хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, иброз дошт, ки мавзеъи ҷойгиршавии Тоҷикистон дар рӯи курраи Замин, минтақаи хатарноки табиист ва дар он селу ярчхезӣ ва заминларзаҳо бисёр ба назар мерасанд ва ин ҳама мунҷар ба муҳоҷирати эколожии аҳолии маскуни ин кишвар мешавад.

Аммо Моёншо Маҳмадбеков, коршиноси масоили иҷтимоӣ, бар ин назар аст, ки феълан биёбоншавӣ ва шурзании заминҳо, ки хоси заминҳои водиҳои Суғд ва Хатлони Тоҷикистон аст, низ эҳтимоли муҳоҷирати сокинони ин манотиқро бештар кардааст. Зеро дар заминхои биёбоншуда ва беоб вазъи эколожӣ ба тадриҷ хароб шуда, одамонро маҷбур ба тарки минтақаи аҷдодӣ мекардааст. Оқои Маҳмадбеков гуфт, аксар вақт ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми муҳоҷир намудан мутобиқати аҳолиии кӯҳистонро ба назар намегирад ва ин боис ба маргумири муҳоҷирини эколожӣ дар минтақаҳои тасфони водӣ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, «вақте аҳолиро аз баландкӯҳҳо мекучониданд, масалан, аҳолии Масчоҳи кӯҳӣ, Вахёи боло ва Ванҷро ба водиҳо, яъне аз баландии 2500 метр якбора ба баландии 800 метр аз сатҳи баҳр, муҳоҷир мекарданд, мутобиқати аҳолиро ба назар намегирифтанд. Дар он вақти муҳоҷиршавӣ то мутобиқшавӣ ба ҳамон муҳит бисёр ҳам ба муҳоҷирон таъсири манфӣ мерасонид. Яъне қонунҳои асосии муҳоҷиратро ба инобат намегирифтанд».

Ба итилоъи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, бар асоси қарори вижаи ҳукумати кишвар аз соли 2000 ба ин сӯ аз минтақаҳои хавфноки эколожӣ бояд ҳудуди 10 ҳазор хонавода ба минтақаҳои бехавф куч дода шаванд. Аммо бо сабабҳои молӣ то кунун танҳо бештар аз 3000-и онҳо кӯчонида шудаанд.

XS
SM
MD
LG