Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии футболи Тоҷикистон ба Уммон рафт


Тими миллии футболи Тоҷикистон барои ширкат дар бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Уммон шоми ҷумъаи 14-уми декабр ба ин кишвар сафар кард.

Ин бозӣ бо даъвати уммониҳо рӯзи якшанбеи 16-уми декабр дар пойтахти Уммон - шаҳри Масқат баргузор мешавад.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳайати дастаи мунтахаб 18 бозигар аз 7 бошгоҳи лигаи олии футболи кишвар ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ҳаштод дар сади аъзои дастаро бозигарони ҷавон ташкил медиҳанд. Аз ҳама бештар - ҳафт нафар - аз тими «Динамо»-и Душанбе даъват шудаанд. Инҳо - дарвозабон Миралӣ Муродов, ҳимоятгарон Эраҷ Раҷабов ва Ромиз Баҳриддинов, нимҳимоятгарон Самад Шоҳзуҳуров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Сафархон Мирзоев ва ҳамлагар Давронҷон Тухтасунов мебошанд. Чаҳор нафар – дарвозабон Алишер Додов, нимҳимоятгарон Хуршед Маҳмудов, Иброҳим Рабимов ва Раҳмоналӣ Баротов - аз тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода даъват шудаанд. Ҳимоятгар Зафар Зубайдов ва ҳамлагар Нӯъмон Ҳакимов аз тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, нимҳимоятгар Дилшод Восиев ва ҳамлагар Комил Саидов аз дастаи «ХИМА»-и Душанбе, ҳимоятгар Соҳиб Сувонқулов аз тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, нимҳимоятгар Музаффар Фузайлов аз CSKA «Помир»-и Душанбе ва ҳамлагар Нуриддин Давронов аз тими «Энергетик»-и Душанбе мебошанд.

Оқои Ҳабибуллоев афзуд: « Мутаассифона, ба иллати латхӯрӣ дар ин бозӣ дар ҳайати тими миллӣ дарвозабон Александр Муканин ва ҳимоятгар Шӯҳрат Ҷабборов, ҳарду аз «ХИМА» ширкат намеварзанд. Инчунин капитани даста, нимҳимоятгар Акмал Холматов низ ба Уммон сафар намекунад.»

Бояд тазаккур дод, ки бозии дӯстона барои тими миллии Уммон як марҳилаи омодагӣ ба сабқати гурӯҳии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010, ки 6-уми феврали соли 2008 шурӯъ мешавад, маҳсуб меёбад. Дастаи Уммон дар гурӯҳи дуввум бо тимҳои миллии Ҷопон, Баҳрайн ва Тайланд барои дарёфти роҳхатҳо ба давраи ниҳоӣ рақобат хоҳад кард.

Тими миллии Тоҷикистон бошад, моҳи марти соли оянда дар Тайланд дар дуввумин давраи Ҷоми даъвати AFC – Конфедеросиюни футболи Осиё ширкат меварзад.

XS
SM
MD
LG