Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Парвоз» ва «ҲИМА» – дар финал


Дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «ХИМА»-и Душанбе ба бозии ниҳоии Ҷоми федеросиюни футболи Тоҷикистон роҳ ёфтанд.

«Парвоз» дар бозии ниманиҳоӣ бар «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо натиҷаи 2:0 пирӯз шуд. Бо ҳамин ҳисоб дар бозии дигари ниманиҳоӣ «ХИМА» бар тими «Вахш»-и Қурғонтеппа ғалаба кард.
Бад-ин тартиб барандаи Ҷоми Федеросюни футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ байни дастаҳои «Парвоз» ва «ҲИМА», ки 14-уми декабр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муайян хоҳад шуд. Қабл аз бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи CSKA тимҳои «Регар» ТадАЗ ва «Вахш» барои дарёфти ҷоизаи севум талош хоҳанд кард.
Гиромидошти Александр Кирсанов
Рӯзи панҷшанбеи 13-уми декабр дар толори Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии шаҳри Душанбе мусобиқаи анъанавӣ оид ба футзал барои гиромидошти хотираи Александр Кирсанов, собиқ бозигари дастаҳои «Помир», «Вахш» ва «Ирригатор», шурӯъ шуд.
Дар 15-умин давраи ин мусобиқа 30 даста дар 5 гурӯҳ рақобат мекунанд. Инчунин дар мусобиқаи мазкур 12 дастаи собиқадорон ширкат доранд, ки ба 3 гурӯҳ тақсим шудаанд.
Сабқати ниҳоӣ 27-уми декабр баргузор мешавад.
Бозии дӯстона
Тими миллии футболи Тоҷикистон 14-уми декабр барои ширкат дар бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Уммон ба ин кишвар сафар мекунад.
Ба гуфтаи Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, бозии дӯстона бо хоҳиши уммониҳо 16-уми декабр дар шаҳри Масқат, пойтахти Уммон, баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG