Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон


Мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки тӯли ҳашт моҳ идома кард, ба анҷом расид.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки ду давр қабл аз хотимаи мусобиқоти имсола барои шашумин бор қаҳрамони Тоҷикистон гардид, дар бозии пеш аз охиринаш дар меҳмонӣ аз тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо натиҷаи 1 бар 3 шикаст хӯрд. Зимнан, ин нахустин бохти «Регар» ТадАЗ дар ин мусобиқот мебошад. Қаҳрамони Тоҷикистон охирин дидорашро бо тими мизбон – «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 анҷом дод. Вале натоиҷи ин бозиҳо ба мавқеъи «Регар» ТадАЗ дар ҷадвали мусобиқот асар накард ва ин даста бо 55 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифт.

Дастаи «Парвоз» бо 51 имтиёз дуввум шуд ва соҳиби медалҳои нуқра гардид.

Тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки дар даври охирин дар майдони худ бар «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 1 ғолиб омад, бо 37 имтиёз ҷои севвумро касб карда, барандаи медалҳои биринҷии мусобиқот шуд. Бояд тазаккур дод, ки дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа низ дар бозии охиринаш тими меҳмон - «Энергетик»-и Душанберо бо натиҷаи 3 бар 0 шикаст дод ва дар маҷмӯъ чун тими «Вахш» 37 имтиёз ба даст овард. Таносуби тӯбҳояш нисбат ба «Вахш» беҳтар аст. Вале бар асоси низомномаи мусобиқот бо назардошти натоиҷи ду бозии байни ин дастаҳо – 0:0, 2:2 -- «Вахш» севвум ва «Тоҷиктелеком» чаҳорум шуданд.

Ва, ниҳоят, дар бозии охирини мусобиқот «ХИМА»-и Душанбе дар сафар тими «Саройкамар»-и Панҷро бо натиҷаи 6 бар 0 мағлуб сохта, бо 33 имтиёз дар зинаи панҷум ҷойгир шуд. Воқиъан, дар ин бозӣ ҳамаи 6 голро ҳамлагар Сӯҳроб Ҳамидов ба самар расонд ва ин ба ӯ имкон дод, ки аз бозигари «Парвоз» Нӯъмонҷон Ҳакимов (20 гол) пеш гузашта, бо 21 гол беҳтарин нишонзани мусобиқоти имсола гардад.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот чунин аст:

1«Регар» ТадАЗ 55 имтиёз 20 бозӣ
2«Парвоз»5120
3«Вахш»3720
4«Тоҷиктелеком»3720
5«ХИМА»3320
6«Хуҷанд»2720
7CSKA «Помир»2220
8«Динамо»2220
9«Энергетик»1820
10«Гвардия»620
11«Саройкамар»620



XS
SM
MD
LG