Сергей Степашин, раиси палатаи муҳосиботи Русия пас аз нишасти муштарак бо Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 6 декабр ин хабарро эълон кард. Ба гуфтаи оқои Степашин, дар ҷараёни боздидаш аз нерӯгоҳи Сангтӯда -1 дар кори сохтмон чандин камбудиҳо ёфтаанд. Ӯ гуфт, бархе аз ин камбудиҳо феълан ислоҳ шудаанд.
Шерхон Салимзода, раҳбари Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ки қаблан аз сирқати семент дар кори ин нерӯгоҳ хабар дода буд, дар ҳамин нишасти муштарак гуфт, феълан, дар робита ба ин қазия дар муқобили ду масъули молии ширкатҳои сохтмонӣ тафтишот идома дорад ва дар садади боз шудани парвандаи ҷиноист.
Оқои Салимзода гуфт, дар натиҷаи тафтишот маълум гардида буд, ки сеюним ҳазор тонна сементи ба ин нерӯгоҳ равонашуда дар бозорҳои Душанбе тиҷорат шудааст.
Тафсилоти ин хабар дар наздиктарин фурсат дар сомонаи Озодӣ нашр мешавад.