Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистонро назорат мекунанд


Кумитаи назоратии Лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дар нишасти навбатии худ, ки 5 декабр дар Душанбе баргузор гардид, масоили марбут ба фаъолияти Лоиҳа, монеъа ва мушкилоти соҳаи коркарди мева ва сабзавот ва содирот, беҳбудиҳо дар ин самт ва манофеъи рушди ин соҳаро баррасӣ кард.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази байнулмилалии тиҷорат, ки Лоиҳаи фавқуззикрро дар Тоҷикистон амалӣ мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ фаъолияти Лоиҳаро пурсамар номид ва мисол овард, ки бо мусоидати онҳо корхонаҳои коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ иштирок карда ва аз он ҷо бо силсилаи қарордодҳо ва идеяву пешниҳодҳои нав баргаштаанд, феҳрасти роҳнамои корхонаҳои содироти Тоҷикистон таҳия ва интишор гаштааст, мутахассисини соҳоти марбут ба бехатарӣ ва сифати маҳсулоти ғизоия омузишҳо дида ва соҳиби гувоҳномаҳои байналмилалӣ шудаанд ва ғайра.

Армен Заргарян, мушовири рушди тиҷорати минтақавии МБТ гуфт, дар ин нишаст, ҳамчунин, мушкилот дар сари роҳи Лоиҳа низ матраҳ шуданд, аз ҷумла он ки Маркази миллии рушди тиҷорат, ки дар доираи Лоиҳа таъсис ёфта буд, ҳанӯз ҳам ба кори худ оғоз накардааст, ва боз он ки ояндаи Стротежии рушди содироти соҳаи коркарди мева ва сабзавот бинобар тағйироти сохтории ҳукумати Тоҷикистон норӯшан боқӣ мондааст.

Маркази байнулмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон як тарҳе бо номи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» рӯи даст дорад ва бино бар ҳарфи масъулини ин Марказ, дастгирии соҳаи коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон, боло бурдани имконоти рақобатпазирии корхонаҳои коркард ва тавлиди маҳсулоти мевагӣ ва сабзавотии Тоҷикистон дар бозорҳои беруна ва мусоидат ба боло бурдани иқтидори содиротии кишвар дар ин росто аз самтҳои аслии фаъолияти ин тарҳ будаанд.

Армен Заргарян дар посух ба суоли он ки кадом авомил боиси интихоби ин соҳа ба ҳайси самти аслии фаъолияти Лоиҳа шудаанд, гуфт, соҳаи коркарди мева ва сабзавот дар Тоҷикистон аз соҳоти афзалиятноки дастгирӣ буда ва имконоти содиротии маҳсулоти мевагӣ ва сабзавотӣ ба берун аз Тоҷикистон болотар аз дигар соҳаҳо мебошад. Пешрафти ин соҳа метавонад дигар соҳаҳои кишоварзиро низ ба дунболи худ ба сӯи рушд бибарад, аҳолии рустоии кишварро ба парвариши меваву сабзавот шавқманд созад ва тавсеъаи фаъолияти корхонаҳо мардумро бо ҷои кор таъмин карда дар самти коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистон саҳм бигзорад.

Ва аммо Кумитаи назоратии Лоиҳа баҳори соли ҷорӣ бо ҳадафи кӯмак дар фаъолияти лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» ва шаффофият дар кори амалигардонии он ташкил шуда будааст, ки намояндаҳои ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва бахши хусусиро фаро гирифтааст.

Маркази байнулмилалии тиҷорат як ниҳоди муштараки Созмони Милал (UNCTAD) ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат (WTO) мебошад ва ҳадаф аз таъсиси он дастгирии рушди соҳаи тиҷорат ва сатҳи иқтидори содиротии кишварҳои рӯ ба инкишоф ва дар ҳоли гузариш аст.

XS
SM
MD
LG